18 март дар шаҳри Душанбе чорабинии расмии Агентии суғуртаи қарзҳои содиротии Қазоқистон баргузор гардид, ки ба таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва муаррифии воситаҳои молиявии дастгирии содирот бахшида шуда буд.
Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Туреханoв, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони сохторҳои бонкӣ ва доираҳои соҳибкории ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Директори минтақавии Агентии суғуртаи қарзҳои содиротии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамеш Худоиев саҳми иштирокчиёнро дар рушди фаъоли муносибатҳои тиҷоратии Қазоқистон ва Тоҷикистон таъкид намуда, ҳамчунин дурнамо ва имкониятҳои навро барои ширкатҳои манфиатдор шарҳ дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷуҳи махсус ба нақши бонкҳои Тоҷикистон ва воситаҳои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ зоҳир гардид. Аз ҷумла, саҳми бонкҳои шарик — КВД БДА «Амонатбонк», ҶСК «Ориёнбонк», КВД БСС «Саноатсодиротбонк» қайд карда шуд. Ҳамзамон, иштироку ҳавасмандии бонкҳои эҳтимолии шарик — ҶСК «Бонки Арванд», ҶСК «Фридом Банк Тоҷикистон» ва ҶСК «Бонки сармоягузорӣ ва қарзӣ» таъкид гардид, ки бо онҳо корҳо ҷиҳати ҳамгироии механизмҳои маблағгузории тиҷоратӣ барои афзоиши гардиши мол то 2 миллиард доллари ИМА идома доранд.
Қайд карда шуд, ки гардиши мол байни ду кишвар босуръат рушд меёбад. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии суғуртаи қарзҳои содиротии Қазоқистон ва ҶДММ «Себистон-2018» ба имзо расид. Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин санадҳо заминаи боэътимод барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаи навсозии сохтмони шаҳрвандӣ, фароҳам меоранд.
Дар анҷоми чорабинӣ вохӯриҳои формати B2B бо иштироки намояндагони соҳибкорӣ — воридкунандагоне, ки ба таъмини маҳсулоти қазоқистонӣ манфиатдоранд, инчунин намояндагони бонкҳои дараҷаи дуюм, ки омодаанд чунин муомилотро тавассути воситаҳои маблағгузории тиҷоратӣ дастгирӣ намоянд, баргузор гардиданд.
Соли 2025 Агентии суғуртаи қарзҳои содиротии Қазоқистон ба шартномаҳои содиротӣ ба маблағи умумии 185 млн доллари ИМА дастгирии молиявӣ ва суғуртавӣ расонид. Ин дастгирӣ ба таъмини маҳсулоти истеҳсолкунандагони қазоқистонӣ дар соҳаҳои металлургия, нафту кимиё ва саноати хӯрокворӣ равона гардида, тавассути чунин воситаҳо, аз ҷумла суғуртаи қарзҳои кӯтоҳмуддати дебиторӣ, суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва суғуртаи аккредитивҳои ҳуҷҷатии содиротӣ амалӣ карда шуд. Суғурта ҳамчунин ба шартномаҳо бо воридкунандагони нав татбиқ гардид. Ҳаҷми уҳдадориҳои қабулшуда 7,6 миллиард тенгеро ташкил дод.













