Қамчибек Ташиев аз вазифаи муовини раиси Девони вазирон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон озод карда шудааст. Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон хабар доданд.
Фармони барканории ӯро Президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров имзо кардааст.
Ҳамзамон бо Ташиев, се муовини ӯ Даниэл Рисалиев, Курванбек Авазов ва Элизар Сманов барканор шудаанд.
Камчибек Тошиев 16 октябри соли 2020 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъин шуда буд. Фармонро он замон иҷрокунандаи вазифаи президент пас аз ҳаводиси 5-6 октябри соли 2020 Содир Ҷапаров имзо карда буд.
Жумгалбек Шабданбеков иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардидааст. Ӯ аз соли 2020 ба ҳайси роҳбари Хадамоти 9-ум ва муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолият дошт.




