Токаев: Қазоқистон ба марҳилаи нави модернизатсия ворид шуд

Shared to Facebook Shared to Max

5 январи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба рӯзномаи Turkistan мусоҳибаи калон дод, хабар медиҳад «Садои Осиёи Марказӣ»(Голос Центральной Азии.).

Ба роҳбари давлат саволҳо дар бораи интизориҳои ӯ аз соли 2026 дар заминаи рушди Қазоқистон, рӯйдодҳои муҳими дарпешистода, инчунин ҳадафҳое, ки ӯ ният дорад амалӣ намояд, дода шуданд.

Зимни мусоҳиба Қосим-Жомарт Токаев таъкид намуд, ки 35-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон санаи бисёр муҳим ва рамзӣ мебошад. Президент изҳор дошт, ки Қазоқистон ба марҳилаи нави модернизатсия ворид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 дар Қазоқистон «Соли рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ» эълон гардидааст.

Матни пурраи мусоҳиба дар сомонаи ▶️«Голос Центральной Азии» нашр шудааст.