Суҳбати телефонии роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Shared to Facebook Shared to Max

30 декабри соли 2025 суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов баргузор шуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни суҳбат ҳамкориҳои дуҷониба дар соли 2025 натиҷагирӣ шуда, дурнамои самтҳои муносибатҳо барои соли 2026 муайян гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳо ва дастгирии мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо истифода аз фурсат ҳамдигарро ба муносибати Соли нави 2026 табрик гуфтанд.