Сарояндаи маъруфи тоҷик Парвина Шукруллоева, ки овози дилнишину тафаккури пурмаънии ӯ садҳо ҳазор мухлис дорад, айни замон дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошта, ба ҳайси узви дастаи ҳакамон дар озмуни байналмилалии овозхонии— «Silk Way Star» иштирок намуда истодааст.
Ин озмун дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, саҳнаеро фароҳам овардааст барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон аз саросари Осиё. Дар озмун овозхонҳо аз 12 кишвар — Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Малайзия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ иштирок менамоянд.
Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро сарояндаи ҷавон Фахриддин Ҳакимов бо дастгирии директори генералии “Имруз-Медиа” ва муассиси ШТР «Шаҳри ман» Муним Оламов муаррифӣ менамояд.
Фахриддин Ҳакимов дар озмунҳои маъруфи байналмилалӣ, аз ҷумла “Голос”-и Русия ва “X-Фактор”-и Беларус иштирок карда, ба натиҷаҳои баланд ноил гаштааст.
«Silk Way Star» ба санъаткорони ҷавон имкон медиҳад, ки фарҳанги миллӣ ва ҳунари худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Озмуни байналмилалии овозхонии «Silk Way Star» лоиҳаи муштараки ШТР-и Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Медиакорпоратсияи Чин (CMG) мебошад.
Акс: аз манбаҳои боз