Шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мизбони озмуни овозхонии осиёӣ таҳти унвони «Silk Way Star» (Ситораи шоҳроҳи абрешим) гардид, хабар медиҳад «Садои Осиёи Марказӣ” (“Голос Центральной Азии»).
Лоиҳаи мазкур дар доираи созишнома байни Ширкати телевизион ва радиошунавонии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва корпоратсияи медиавии Чин CMG амалӣ карда мешавад.
Дар ин озмун намояндагони 12 кишвар: Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Малайзия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ ширкат меварзанд.
Иштирокчиёни озмун:
• Чжан Ҳэсюан – Чин, ҷоизадори ҷоизаи «Овози нави мардона», иштирокчии The Voice of China;
• Тамга – Қирғизистон, сарояндаи мусиқаи рэп ва R&B, муаллифи суруди маъруфи «Майда»;
• Фахриддин Ҳакимов – Тоҷикистон, иштирокчии лоиҳаҳои «Голос» (Русия) ва X-Factor (Беларус);
• Саро Геворкян – Арманистон, ғолиби озмуни «Новая волна 2021»;
• Сабина Заде – Озарбойҷон, овозхон ва ҳунарпеша, нимфиналисти «Голос Азербайджан»;
• Мадинабону Адилова – Узбекистон, солисти гурӯҳҳои ҷазз, ҷоизадори озмунҳои байналмилалӣ;
• Kandis – Кореяи Ҷанубӣ, гурӯҳи занонаи R&B/нео-соул/ҳип-хоп, муаллифони албоми Playground;
• Автандил Абесламидзе – Гурҷистон, ғолиби “X Factor Georgia” ва “Voice of Astana”;
• Довран Шаммиев – Туркманистон, овозхон ва композитор, ҷоизадори «Алтин Асир»;
• Мишел Ҷозеф – Муғулистон, муаллифи клипҳои “Dulaan Baina” ва “Bundan Ulaan”;
• Ясмин Азиз – Малайзия, ҷоизадори озмунҳои байналмилалӣ, муаллифи суруди “Kita Rockstar” барои бозии “Mobile Legends”;
• Алэм (Батирхон Маликов) – Қазоқистон, овозхон ва композитор, аъзои гурӯҳи “Ninety One”, финалисти «Голос Казахстан» ва нимфиналисти “X-Factor”.
Намоиши байналмилалии қисми ниҳоии озмуни “Silk Way Star” дар шакли live-шоу баргузор гардида, интизор меравад, ки ин чорабинӣ ба яке аз рӯйдодҳои дурахшони мусиқавии сол табдил ёбад.
Дар назар аст, ки тамошобинони умумии лоиҳа беш аз як миллиард нафарро ташкил диҳанд. Ғолиби озмун унвони вижаи “Silk Way Star”-ро ба даст оварда, ҳамзамон имконият дорад, ки маҳорати сурудхонии худро дар саҳнаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Silk Way Star — аввалин озмуни овозхонии осиёӣ аст, ки дар он намояндагони 12 кишвар ширкат доранд. Наворбардории барнома 20 августи соли 2025 оғоз ёфт ва қисмати ниҳоӣ (Гранд-финал) 22 ноябр дар пахши зиндаи шабакаи Jibek Joly / Silk Way ва шабакаҳои пешсафи кишварҳои иштирокчӣ намоиш дода мешавад.
Лоиҳа 10 қисмро дар бар мегирад: нуҳ қисми наворбардоришуда ва як финали зинда. Тамошобинонро дуетҳои нотакрор, иҷрои сурудҳои миллӣ, ҳамкориҳои фарҳангии фаромиллӣ ва саргузаштҳои пурэҳсоси иштирокчиён интизоранд. Ҳар барнома беш аз 100 дақиқа идома намуда, намоиш дар се забон – тоҷикӣ, чиноӣ ва англисӣ доир мегардад.
Райдиҳӣ тибқи системаи байналмилалӣ бо ҳисобкунии шаффофи холҳо аз 1 то 12 сурат мегирад. Дар нуҳ қисми аввал қарори доварон аз Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳалкунанда хоҳад буд. Дар ҷамъбасти озмун бошад, ғолибро тамошобинон ва доварон якҷоя (50% ба 50%) муайян мекунанд.
➡️ Садои Осиёи Марказӣ (Голос Центральной Азии)