Аспеков: Президенти Қирғизистон 10 миллион доллар пора гирифт

Shared to Facebook

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов барои кафолати амнияти президенти собиқи ин кишвар Сооронбой Жеенбеков аз ӯ 10 миллион доллар пора гирифтааст. Дар ин бора ҳамкори собиқи президент Мелис Аспеков изҳорот дод. Ба гуфтаи ӯ, Ҷабборов ин маблағро дар маъракаи қаблазинтихоботияш сарф кард.

Ба гузориши “Озодӣ”, Аспеков гуфтааст, Ҷабборов дар маъракаи интихоботӣ чанд дафъа ришва гирифта, ин пулҳоро дар таблиғоти худ истифода бурд, аммо ситоди интихоботӣ маблағҳоро сабт накард.

Содир Ҷабборовро, ки бо иттиҳоми одамрабоӣ дар зиндон буд, моҳи октябри соли гузашта дар пайи беназмиҳо дар Бишкек аз маҳбас раҳо карда, баъди ду моҳ, январи имсол президент интихоб карданд.

Аспеков, ки ба тамаъҷӯӣ айбдор мешавад, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Вай пеш аз боздошт раҳбари ситоди интихоботии Содир Ҷабборов дар вилоти Чуй буд. Бино ба гузоришҳо, ӯро аввали имсол маҳз бо далели ифшо кардани сирри ин “ришвагирӣ” боздошт намудаанд.

Вакили мудофеи президенти собиқ Сооронбой Жеенбеков иттиҳоми зидди зерҳимояи худро рад кардааст.

Сухангӯйи президент ҳам изҳороти Аспековро “дурӯғ ва туҳмат” номидааст.

Аммо намояндагони бархе ҳизбҳои дигари Қирғизистон гуфтаанд, санадҳо ҳастанд ва хабар доранд, ки “интихобот аз роҳҳои ғайрирасмӣ маблағгузорӣ мешаванд”. Вобаста ба ин намояндагони ҳизби “Реформа” гуфтаанд, “вакилони порлумон ҷараёни импичмент ё нобоварӣ ба президенти Қирғизистонро ба роҳ мемонанд, то ки прокурори генералӣ ҳамаи ин иттиҳомҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад”.