Мақомоти Русия гуфтаанд, дар пасманзари хуруҷи неруҳои хориҷӣ, ки ахиран боиси ба вуҷуд омадани манбаи нави ташаннуҷ гардидааст, аз вазъ дар сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон нигаронанд.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор доштааст.
“Дар маҷмӯъ, албатта, рушди вазъ дар Афғонистон баробари ихроҷи низомиёни амрикоӣ ва низомиёни дигар аз ин кишвар сабаби таваҷҷуҳи амиқ ва нигаронии мо аст. Тоҷикистон давлати хеле наздик ва шарики мост. Воқеан, пайдоиши манбаи нави ташаннуҷ, таҳдидҳо моро нигарон мекунанд”, — гуфтааст ӯ.
Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ҳам аз вазъ дар Афғонистон ва сарҳади Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.
Вай дар Конфронси байналмилалии амниятӣ дар Маскав гуфтааст, таназзули вазъ дар Афғонистон, ки бо хуруҷи контингентҳои низомии ИМА ва НАТО ба амал меояд, ба афзоиши фаъолияти террористӣ мусоидат мекунад.
Патрушев афзудааст, замоне, ки сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон буданд, истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар 40 маротиба афзуд ва ин ба террористон имкон медиҳад, ки заминаи тавонои захиравӣ дошта бошанд:
“Тахмин мезанем, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ваъдаҳои изҳоркардаи худро дар бораи расонидани кумаки молиявӣ ба ҳукумати Афғонистон, дастгирии нерӯҳои амнияти миллӣ, таъмини фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Кобул ва ҳалли дигар мушкилҳоро, риоя хоҳанд кард”, — гуфтааст котиби Шӯрои амнияти Русия ва афзуд, ки Маскав истифодаи вазъи Афғонистонро барои афзоиши нуфузи кишваре дар Осиёи Марказӣ ғайри қобили қабул медонад.
Ба гуфти Патрушев, Русия ҷонибдори оғози муколамаи мустақими байниафғонӣ бо кумаки шарикони байналмилалӣ мебошад.
Ёдрас мекунем, 22 июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи “Толибон” ба комиссариати марзии Бандари Шерхон дар вилояти Кундузи Афғонистон, 134 низомии Афғонистон аз тариқи посгоҳи марзӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Дар байни онҳо чаҳор нафар захмӣ ва як сарбоз ҳалокшуда низ буданд. КДАМ -и Тоҷикистон вазъро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро мураккаб арзёбӣ кард.
Рӯзи гузашта хабар дода шуд, ки ин низомиён ба ватанашон бозас фиристода шуданд.