Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бо малах”-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои мубориза бо малах дар соли 2022 ҳашт адад трактори МТЗ — 82,1 тақдим кардааст.
Воситаҳои нақлиёти нав барои мустаҳкам кардани иқтидори амалиёти мубориза бо малах ва муқобилат ба паҳншавии малах мусоидат мекунанд, гуфта шудааст дар иттилоияи ФАО.
“Ин ташаббус як қисми лоиҳаи минтақавӣ оид ба беҳгардонии мубориза бо малах мебошад, ки инчунин ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои зиндагии аҳолии деҳоти Осиёи Марказӣ тавассути пешгирӣ ва маҳдуд кардани таҳдидҳои малах ва зарар ба зироатҳо ва чарогоҳҳо дар робита ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист равона карда шудааст”.
Лоиҳа тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин Афғонистонро фаро гирифта, бо дастгирии молиявии ҳукумати Ҷопон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) бо мақсади баланд бардоштани иқтидори миллӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ маблағгузорӣ мегардад.
Малах душмани даҳшатноки кишоварзон ба шумор рафта, ба васоити таъмини зиндагии мардуми деҳот таҳдид мекунад. Онҳо бо суръати тез афзоиш меёбанд ва дар як шабонаруз то 30 километр масофаро тай мекунанд, ки дорои иқтидори несту нобуд кардани киштзору чарогоххо мебошанд.
Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бо малах”, ки масъули мубориза бар зидди малах дар кишвар мебошад, оид ба хуруҷи малах дар ҷануби вилояти Хатлон дар солҳои 2020-2021 хабар дода буд. Тибқи ин гузориш, водии Вахш аз ҳуҷуми зиёди малахҳо зарар дидааст, ки зоҳиран дар кӯҳҳои дар наздикибуда пайдо шудаанд. Мавҷудияти малах дар дигар манотиқи вилояти Хатлон, аз ҷумла навоҳии Дӯстӣ, Шаҳритус, Ҷиликӯл, Данғара, Фархор, Балҷувон ва Ховалинг низ гузориш шуда буд.
“ФАО дастгирии стратегияи мубориза бо малахро дар Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани минтақаҳои зарардида идома медиҳад. Таҳдид ба соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ бузург аст ва мушкилоти таҳти назорат гирифтани малахҳо хеле таъхирнопазир мебошад. Бинобар ин, яке аз ҳадафҳои асосии барномаи ФАО оид ба мубориза бо малах дар Осиёи Марказӣ ба беҳтар кардани тавонмандии мубориза бо малах равона карда шудааст”, — гуфт Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев.
Дарвоқеъ, оқибатҳои коркарди нокифоя метавонанд фалокатовар буда, боиси ноамнии озуқаворӣ ва бӯҳрон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гардад.
Масъулини ФАО мегӯянд, дар доираи лоиҳа ҳамчунин интиқоли дастгоҳҳои дорупошии ултра-хурдҳаҷм (ULV) ва консентрати эмулсия (EC), мошини обкашӣ, микроавтобусҳо, кабинаҳои душкунӣ, таҷҳизоти саҳроӣ ва таҷҳизоти мониторинги саломатии аҳолӣ барои мутахассисони Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” бо мақсади беҳгардонии мубориза бар зидди малах дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Айни замон ФАО ду лоиҳаро ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори техникӣ ва захираҳои инсонии ҳукумат ва кишоварзон бо мақсади мониторинги вазъи малах ва вокуниш ба хуруҷи малах дар Тоҷикистон дастгирӣ ва амалӣ менамояд; лоиҳаи дуюм аз ҷониби Барномаи ҳамкории техникии ФАО маблағгузорӣ мешавад. Баҳрабардори асосии ҳарду лоиҳа Экспедитсияи мубориза бо малахи назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мебошад.