Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз сохтмони ғайриқонунӣ аз сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон ва пешгирии ҳамлаи шаҳрвандони ин кишвар ба марзбонони тоҷик хабар медиҳад.
Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро АМИТ “Ховар” нашр кард.
Бино ба ин изҳорот, рӯзи 16 декабр, тахминан соати 16:50, дар қитъаи дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён далели аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон сохтмони ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуд:
“Сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ доир намуд. Аммо, зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Ҷумҳурии Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯи онҳо санг партофтанд. Чун дар ҳолатҳои қаблӣ бо ба роҳ андохтани иғвои навбатӣ шаҳрвандони Қирғизистон ба пеш ҳаракат карданд ва бо ин ба ҳаёт ва саломатии марзбонони тоҷик таҳдид намуданд”.
Гуфта мешавад, сардори дидбонгоҳи сарҳадии ҚС Тоҷикистон вазъиятро дуруст арзёбӣ намуда, бо мақсади рафъи авҷгирии низоъ бо риояи қатъии талаботи муқаррарнамудаи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт.
Намояндагони марзбонии тарафҳо, ки ба ҷойи ҳодиса расидаанд, ба мувофиқа омадаанд, ки ҳодисаро якҷоя тафтиш мекунанд.
Аз ин қабл расонаҳои қирғизӣ бо такя намояндаи ваколатдори президенти он кишвар дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев хабар дода буданд, ки Қирғизистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудааст.