“Гран-при Душанбе”. Мусобиқаи нави байналмилалӣ ташкил шуд

Shared to Facebook

Сайри ҷаҳонии дзюдо аллакай як истгоҳи дигар дорад – “Гран-при Душанбе”. Чанде пеш дар шаҳри Абу-Дабӣ президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер бо собиқ раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов созишнома ба имзо расонданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.


Сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо дар ин бора хабар дода, навиштааст, ки ташкили чунин як мусобиқаи байналмилалӣ уҳдадорӣ ва ҷиддиятро талаб мекунад ва Тоҷикистон инро нишон додан мехоҳад.

“Ин чорабинӣ як имконияти бебаҳо барои таблиғи кишвар ва минтақае хоҳад буд, ки дзюдоро дӯст медорад ва варзишгарони сатҳи баландро қадр мекунад. Ба ин маънӣ, Гран-при як имкони муҳими бехатар барои шинохтани худ аст”, — гуфтааст Мариус Визер.

Нурулло Лоиқов ин ҳодисаро вижа номида ва гуфтааст, “мо ин лаҳзаро солҳо боз интизор будем. Дзюдо варзиши рақами як дар кишвари мост ва мо мехоҳем беҳтарин ситораҳоро ба он ҷо биёрем. Мо як варзиши аҷдодӣ дорем бо номи гуштингирӣ, ки ба дзюдо шабоҳатҳои зиёд дорад. Мо мардуми варзишдӯстем ва дзюдо ҳаваси мост”.

Нурулло Лоиқов аз фурсат истифода бурда, барои дастгирии беандоза ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намудаст:

“Бе дастгирии он кас мо имрӯз дар ин ҷо намебудем. Сармоягузорӣ муҳим аст ва аксари хароҷотро мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бар дӯш мегирад”, — гуфтааст ӯ.

Дар мавриди пуштибонӣ ҳарф зада, вақти он расидааст, ки аз Исмоили Маҳмадзоир, шахсе, ки ватанашро дӯст медорад ва дар рушди варзиш саҳм дорад ва 19 ноябр ба вазифаи президенти нави Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд, ёдовар шавем:

“Дар тӯли чанд соли охир Исмоили Маҳмадзоир роҳи беҳтарини худро нишон дода, варзишгарони тоҷикро дастгирӣ ва сарпарастӣ намуда, инфрасохтори варзиширо рушд дода, ба яке аз чеҳраҳои маъруфи ин соҳа дар Тоҷикистон табдил ёфт. Ӯ на танҳо сарпарастии чорабиниҳо, балки дар бунёди иншооти варзишӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Клуби муосири дзюдои “Ҳоҷӣ Шариф” намунаи бузурги ин аст. Дзюдочиён аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барои тамрин ба ин маҳфил меоянд ва волидон бо хушнудӣ фарзандони худро меоранд, зеро он як иншооти баландсифат ва муҷаҳҳаз дар шаҳри Душанбе мебошад. Варзишгарони клуб аллакай натиҷаҳои хуб ба даст оварда, аз ҳар як мусобиқаи иштироккардаашон медал оварда истодаанд”, — гуфта шудааст дар муаррифиномаи КМО Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, замони баргузории “Гран-при Душанбе” ҳанӯз маълум нест. Ба иттилоъи манбаъ, Тоҷикистон моҳи октябрро пешниҳод кардааст, аммо ҳоло Федератсияи байналмилалии дзюдо онро тасдиқ накардааст. Аммо он чӣ ки маълум аст, ин аст, ки нашри аввали “Гран-при Душанбе” дар соли 2023 буда ва ҳамин тавр то соли 2026 баргузор мешавад.