Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Санаде, ки заминаи осоишу ободист


01.07.2020 06:29

: 515

Баъди фурӯпошии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи ҷаҳон як қатор давлатҳои мустақил сабт гардиданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз онҳо буд. Мутаассифона, аз эълони соҳибиcтиқлолии ҷумҳурӣ як сол нагузашта, дар кишвар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афрӯхта шуд. Фаъолияти муассисаҳои тандурустию маориф ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ гардиду ҷойи шодию ханда садои тиру тӯп, зулму бедодгарӣ, нолаи модари фарзандгумкардаю гиряи тифли падаргумкарда баланд шуд. Хавфи аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ба миён омад.

Бо ташаббуси ашхоси хайрандешу ватанпараст дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд ­ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он вакилони мардумӣ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари ҷумҳурӣ интихоб карданд. Роҳбари ҷавон дар нахустин суханронии худ минҷумла гуфтанд: “Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”.

Шоҳид будем, ки дар бисёр нуқтаҳои доғи ҷаҳон, аз ҷумла, Афғонистону Ироқ, Сурия, Яман, Нигерия ва ғайра солҳои зиёд аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Маҳз ҷасорату шуҷоат ва гузашт кардану манфиати тамоми мардуми ҷумҳуриро дар мадди аввал гузоштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо анҷом ёфта, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Сулҳи деринтизор ба осонӣ ба даст наомад. Бо мақсади ноил гардидан ба он аз соли 1994 то соли 1997 дар Афғонистону Покистон, Эрону Туркманистон, Қазоқистону Россия ва Қирғизистон бо мухолифин 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ баргузор гардид. 48 вазифаи масъули давлатӣ ба собиқ мухолифин супурда шуда, силоҳбадастони оппозитсия ба неруҳои давлатӣ ҳамроҳ гардиданд, ки ин дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир аст.

Ба ин восита миллати тоҷик бори дигар ба оламиён собит намуд, ки яке аз миллатҳои куҳанбунёду бофарҳанг, хирадпешаю мутамаддин сулҳу таҳаммулпазир мебошад. Бо шарофати сулҳу ваҳдат муқовимати мусаллаҳона хотима ёфта, шаҳру деҳот аз харобӣ, миллат аз парокандагӣ ва ҷумҳурии тозаистиқлоламон аз таназзул наҷот ёфт. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналхалқӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ чунин баён кардаанд:

“Муваффақияти бузургтарини бадастовардаи мо ҳамин аст, ки ваҳдати миллати тоҷик ва якпорчагии қаламрави Тоҷикистонро ҳифз карда тавонистем ва бо кумаки фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳон ба мо муяссар гашт, ки ба ҷанги дохилӣ хотима дода, сулҳу созгорӣ ва адолатро дар мамлакат барқарор созем”.

Барқароршавии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои аз буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо ёфтани кишвар заминаи мустаҳкам гардид.

Ба шарофати кӯшишҳои собитқадамонаи Пешвои миллат бунёди роҳи оҳани “Қӯрғонтеппа – Кӯлоб”, “Душанбе - Ваҳдат – Ёвон” таҷдиди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт - Ҷиргатол, Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб - Кулма, Душанбе - Турсунзода – “Дӯстӣ”, Айнӣ - Панҷакент ва ғайра Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, тиҷорат бо мамолики хориҷӣ ба маротиб вусъат ёфт. Пули 672 метрае, ки дар Панҷи Поён сохта шуд, Тоҷикистонро на танҳо бо Афғонистон, балки бо дигар кишварҳои Осиё ва бандарҳои бузурги обӣ мепайвандад. Нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Чормағзак” ва “Шаршар” масофаи миёни минтақаҳои кишварро наздиктар намуданд. Бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда – 1”, “Сангтӯда – 2”, ба истифода додани ду агрегати НБО “Роғун”, марказҳои барқу гармидиҳии “Душанбе – 1” ва “Душанбе – 2”, садҳо иншооти муҳими дигар, аз баракати ваҳдати миллӣ насиби мо гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 декабри соли 1992 дар “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буданд: “Ҳар чӣ зудтар дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин кунем.

Дар маҳалҳо сохтори амалкунанди муҳофизати ҳуқуқро барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ шароит фароҳам оварем”.

Шоҳидем, ки бо ташаббусу кордонӣ ва дурандешии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъзе ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти худро аз сифр оғоз намуда, ҳоло ба мақомоти муқтадиру кафили боэътимоди таъмини суботу амнияти кишвар ва ҳуқуқу озодиҳои сокинони мамлакат табдил ёфтанд. Таъсиси парлумони доимоамалкунанда ва мустақилияти судҳо низ нишонаи давлати демократию ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон мебошанд.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.

Сокинони мамлакат ин ҳикмату моҳияти гуфтаҳои Роҳбари давлатро дарк намуда, хуб медонанд, ки танҳо тавассути ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию иттиҳод ва хайрхоҳӣ кишварро боз ҳам зебою пешрафта намудан имконпазир аст.


Ҳотам Раҷабзода

раиси Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе,

полковники адлия


Комментарии для сайта Cackle