Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Сипоҳии илми Дашти Ҳамза


30.06.2020 04:25

: 505

То қарни бист деҳаи куҳдомани Рожаки ҷамоати Дарморахт бо себу меваҷоти шаҳдрезаш шуҳрат дошт. Дар ибтидои қарни бист бошад, ин деҳа бо зиёиён ва маърифатпарваронаш овозадор гардида буд. Аз асри гузашта ин деҳаро ба истилоҳи мардумӣ “мадрасаи мазҳабии Шуғнон” ёд мекарданд.

Сегонаи НКВД солҳои сиюми асри гузшта нисфи аҳолии ин деҳаро барои “хиёнат ба Ватан” маҳбус карданд. Асрори хиёнаташон саводи кофии динӣ ва донистани хатти ниёгон буд. Бо андуҳ ва афсӯс бобоям Усто Пӯлод нақл кардааст, ки соли 1931 кормандони қудратӣ ҳазорҳо ҷилд китобҳои нодирро аз ин деҳа мусодира карда, сӯзонданд.

Бобои Шолангар ягона касе буд, ки аксари китобҳои нодирро аз ҳалокат наҷот дод. Дар хонадони Шолангаровҳо амаки Шомансур низ хатти форсиро хуб ёд дошт. Ин деҳа ҳамзамон, ба қавли шоир Ҳайрат Шанбезода, зодгоҳи “Гомери тоҷик” аст. Ҳофиз Гавҳаршои нобино девони Ҳофиз ва Девони кабири Шамси Табрезиро аз ёд медонист. Маъруфтарин мадҳиясарои мазҳабӣ буд.

Амаки Шомансур ба шаҳри Хоруғ кӯчид. Ҳамин тавр, айёми наврасӣ ва камолоти Саидмир дар микроноҳияи Бархоруғ пушти сар гардид.

Боре банда ба ифтихори як маҳфили Институти биологии Помир ҳангоми тавсифи корнамоиҳои илмии Саидмир зикр кардам, ки Саидмир мактаби миёна ва Донишгоҳро ба баҳои аъло хатм кардаст, Саидмир бо асабоният гуфт:

- Ин дар ҳақии ман туҳмат аст. Ман мактабу донишгоҳро ба баҳои миёна хатм кардам. Баҳои аълои мактабу донишгоҳ ҳанӯз кафолати олим шуда наметавонад. 5 нафар ҳамсинфонам ҳам бо аъло хонданд, ҳоло коргари қаториянд.

Мо, журналистони он давр, барои исботи саъю талоши қаҳрамонамон онҳоро аълохону фавқулистеъдод тасвир мекардем. Вақте дар бораи чӯпон менавиштам, бо воҳима мегуфтам, ки аз овони мактабхонӣ орзуи подабон шудан дошт. Боре ҳамсинфам, ки чупони номист, бо ҳасрат гуфт:

- Ҳамроҳи ту ба донишгоҳ рафтам. Колхози мо бояд ба Донишгоҳ раҳмат гӯяд, ки аз мани аълохон чӯпон тайёр кард.

Баъди ин дигар 26 сол боз Саидмирро тавсиф накардам...

Солҳои ҳафтодум таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқи соҳаи омӯзгорӣ кам буд. Бештар ҷавонон кӯшиш мекарданд, ки ба факултаҳои касбҳои соҳаи иқтисод, кишоварзӣ, молиявӣ, шарқшиносӣ ва ҳуқуқ шомил шаванд. Саидмир ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шомил шуд. Дар комиссияи мандатӣ раиси комиссия бо тааҷҷуб пурсид?

- Шомансуров, Шумо ба факултаи физика дохил шудед. Чаро ҳамаи баҳои дигар фанҳо аъло, аз физика баҳои чор доред?

Саидмир сукут кард, вале баъди 5 сол пас аз супурдани имтиҳони давлатӣ аз физика назди муаллимаш Саттор Каримов омода гуфт:

- Муаллим, ман баҳои номаи камолотро ислоҳ кардам: аз физика баҳои 5 гирифтам.

- Бовар дорам, ки дар илми физика низ баҳои аъло мегирӣ. Мо ният дорем Шуморо дар кафедра алҳол лаборанти илмӣ таъин кунем.

Факултаи физика дар солҳои ҳафтодум тавассути саъю талоши академик Б. Нарзуллоев ба маркази илмии физикаи ҷисмҳои сахти Иттиҳоди Шуравӣ шомил шуд. Олимон, шогирдони академик Нарзуллоев - Каримов С.Н., Қурбоналиев М. К. ва Туйчиев Ш.Т. аллакай дар хориҷи кишвар тадқиқотҳои илмияшонро чоп мекарданд. Аммо Саидмир аз вазифаи лаборанти кафедраи ҷисмҳои сахт даст кашид ва ба Хоруғ баргашта, дар мактаби худаш омӯзгор шуд.

Тобистони соли 1975 академик Худоёр Юсуфбеков бори дуюм лоиҳаи тақвияти пойгоҳи илмии Институти биологии Помирро ба Душанбе ва Москва пешниҳод кард. Қабл аз ин, моҳи октябри соли 1968, бо кӯшиши Худоёр Юсуфбеков Президенти Академияи илмҳои СССР Келдиш Мстислав Всеволодович ба Помир омада, боғи ботаникии Помирро тамошо кард. Ӯро Раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров, Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ва котиби якуми Кумитаи вилоятии Бадахшони Куҳии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Моёншо Назаршоев ҳамроҳӣ карданд.

Х. Юсуфбеков ба меҳмонон таърихи омӯзиши Помирро муфассал шарҳ дода, дар бораи захираҳои табиӣ, мушкилоте, ки бояд дар соҳаи биология, кишоварзӣ ҳал карда шаванд, сухан ронд ва дар натиҷа зарурати таъсиси як Институти биологиро дар Помир асоснок карда, аз Президенти Академияи илмҳои СССР дархост кард. Дере нагузашта Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ва Худоёр Юсуфбеков барои иштирок дар муҳокима дар бораи таъсиси Институти биологӣ ба Маскав даъват карда шуданд. Соли 1969 ҳама муассисаҳои таҳқиқоти биологии Помир ба Институти биологии Помир муттаҳид карда шуданд.

Дар 6 сол Институт ба яке аз марказҳои илмии маъруфи соҳаи биология ва рустанипарварии Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт. Соли 1975 боз академик Худоёр Юсуфбеков аз Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сад ҷой барои олимони ҷавон талаб кард. Доираҳои илмии Москва ягон бор талаби Худоёр Юсуфбековро рад намекарданд.

Соли 1975 бори аввал аз тариқи озмун дар Институти биологии Помир олимони ҷавон ба кор пазируфта шуданд. Саидмир ба бахши пажуҳиши таъсири шуъоҳо ба инкишофи олами наботот дар шароити баландкуҳ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Мактаби илмии академик Худоёр Юсуфбеков ба мисли маркази тайёрии кайҳонавардон хеле сахт, мушкил ва тоқатшикан буд. Ба Худоёр Юсуфбеков танбалон, сафсатафурӯшон, ҳарзагӯён душмани ҷонӣ буданд. Ошкоргӯӣ ва ростқавлии Саидмир на ба ҳама писанд меомад. Танҳо академик Худоёр Юсуфбеков ин хислати олими ҷавонро қадр карда буд.

Соли 1975 дар Институти биологии Помири АИҶТ фаъолияти илмию татқиқотии ӯ аз вазифаи лаборанти калон, баъдан ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ то мудири шуъбаи “Устувории растаниҳо ба омилҳои экологӣ” расид. Аз соли 1996 то 2008 ӯ ба ҳайси муовини директори Институти биологии Помир оид ба корҳои илмӣ фаъолият кард. Соли 2008 - 2010 роҳбари Бахши боғдории лоиҳаи боғи истироҳатии шаҳри Хоруғ буд.

Аз соли 2010 то соли 2016 ба ҳайси Директори Стансияи таҷрибавии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2016 то охири умр дар вазифаи мудири шуъбаи картошкапарварӣ ва сабзавоткории Стансияи мазкур фаъолият дошт.

Тирамоҳи соли гузашта дар паси масруфиятҳои хонводаӣ ба Хоруғ сафар кардам. Имкони аёдати дӯстон набуд. Саидмирро дар бозори Хоруғ дучор омадам. Дар ин лаҳза боз як дӯсти айёми донишҷӯии мо - Сафдар (руҳаш шод бод) ба суҳбат ҳамроҳ шуд:

- Муҳтарам олим, вақте ки аспирант будеду оид ба таъсири шӯъоҳо ба картошка санҷишу тадқиқот мебурдед, нархи картошка 22 тин буд. Ҳоло доктори илм, нархи картошка 6 сомонӣ аст. Бояд имрӯз зарари нархи картошкаро ба мардум тадқиқ кунед, - бо шухӣ гуфт Сафдар.

Соли 1983 Саидмир Шомансуров дар мавзуи “Таъсири нурҳои ултрабунафш ба гормонҳои расиши гуруҳи растаниҳои лубиёӣ” барои номзади илм ва соли 1996 рисолаи доктори илми биологияро дар мавзӯи “Таассури растаниҳо ба мавҷҳои ултрабунафш ва дигар омилҳои экологӣ” дар назди Шӯрои диссертатсионии Институти физиологияи растаниҳои ба номи К.А. Тимерязеви шаҳри Москва бо роҳбарии доктори илмҳои биологӣ, профессор В, И, Кефели бо муваффақият дифоъ кард.

Саидмир Шомансуров иштирокчии чандин симпозиум ва конференсияҳои байналмилалӣ дар Олмон, Хитой, Шветсия, Югославия, Россия, Казоқистон ва Қирғизистон буда, бо маърузаҳои пурмазмун илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Илова бар фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир, вай аз соли таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба сифати профессори кафедраи биология тадрис мекард. Бо қалами ӯ 5 китоб, 4 рисола, 3 тавсиянома ва зиёда аз 130 мақолаҳои илмӣ марбутанд. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар соҳиби унвони номзадии илм ва зиёда аз 20 нафар донишҷӯён рисолаҳои илмияшонро бо муваффақият ҳимоя намуданд,

Дар олами ботинии Саидмир истеъдоди ирсии мусиқифаҳмии бобояш Гавҳаршоҳ низ вуҷуд дошт. Соли 1977 ҳангоми рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳфилҳо баромад мекард.

Муаллифи оҳангҳои “Самта ар Помир”, “Я чах деволти”, “Худъм”, “Барои Шанбезода” мебошад.

Соли 1980 дар арафи ҷашни 110-солагии Владимир Ленин консерти бошукуҳ доир шуд. Дар барномаи консертӣ академик Худоёр Юсуфбеков низ ҳузур дошт. Навои мусиқии форами мардумӣ бо гитара дар иҷрои Саидмир толорро мафтун кард. Баъди консерт ногаҳон ба Худоёр Юсуфбеков дучор омада гурехтанӣ шуд. Академик бо овози баланд гуфт:

- Шоҳмансуров, офарин! Лекин ман мехоҳам, ки чунин қарсаксзанӣ пас аз маърузаҳои илмият шунавам.

Воқеан, академик Юсуфбеков дар рушди фарҳанг низ саҳми разанда гузошт. Ӯ осорхонаи “Табиати Помир”-ро таъсис дода, яке аз беҳтарин расомони кишвар Мансур Аҳмадовро ба Институт даъват кард. Яке аз мансабдорони баландпояи Академияи илмҳо бо тамасхур гуфта буд:

- Худоёр Юсуфбекович, воҳиди кории рассом ба Институти биологӣ чӣ фоида меорад? Метарсам шояд дар оянда барои раққоса низ воҳиди корӣ талаб кунед.

Академик одати посух додан ба бадгӯёнро надошт. Сукути ӯ барои онҳо баробари марг буд (соли 1990 яке аз муаллифони ин очерк шоҳиди он буд, ки ин мансабдор расми “Ҳашар дар боғ”-и Аҳмад Мансуровро ба як меҳмони олиқадри хориҷӣ тақдим карда буд).

Саидмир соли 1989 бо овозхони маъруф Лидуш Ҳабиб (руҳаш шод бод) ҳамкорӣ шуруъ намуд. Бори нахуст моҳи феврали соли 1990 дар толори Хонаи маорифи ВМКБ (ҳоло бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ) барномаи консертии Лидуш Ҳабибро доир намудем. Ҳамон вақт дар Хоруғ зилзилаи шадид рух дода буд. Барномаи консертӣ 4 рӯз идома дошт. Ба толор ба ҷои 600 ҷой 1500 нафар даромада буд. Директори Хонаи маорифи сиёсии КМ ВМКБ Сироншо Диловаров бо ғазаб доду фарёдкунон назди Котиби якуми комитети ҳизби вилоят Соҳибназар Бекназаров даромада гуфт:

- Ин консерти Лидуш аз замиҷунбӣ бештар зарар овард!

- Сироншо, ман супориш додам, ки ҳамаи курсиҳои шикастаро низ ба омори офати замитнҷунбӣ дароранд. Барои мо ҷунбиши маърифатии мардум заруртар аст. Дар 68 сол бори аввал мардум ба забони худаш суруд мешунавад.

Баъдан мо сафари ҳунарии гуруҳи “Таронаҳои Лидуш”-ро дар Душанбе, Ҳисор, Ёвон, шаҳри Уши Қирғизистон идома додем. Саидмир бо гитара ва синтезатор овози дилнишини Лидушро ҳамроҳӣ мекард.

Мисли физикаи ҷисмҳои сахт ҷисми ҷони Саидмир низ дар илм хеле сахт буд. Аммо ба қавли адиб ва сиёсатмадори англис Уинстон Черчилл, “Марг агар ба истеъдодҳо раҳм мекард, сайёраи Замин аз фалокатҳо, ҷангу тӯфонҳо эмин мемонд”.

Ба умри ҷовидонии Саидмир дар қалби инсонҳо шубҳае нест.


Наҷмиддин Шоҳинбод

Қувватбек Одилбеков


Комментарии для сайта Cackle