Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст...”


22.06.2020 12:43

: 760

“Барои дигарон зиндагӣ кардан қаҳрамонист. Ҳайкали ин қаҳрамонон занг намезанаду валангор намешавад. Зеро ин ҳайкал дар қалбҳо пойдор аст”.

(Дэниэл Уэбстер, сиёсатмадори амрикоӣ)

Шаш даҳсола умри Игор Уракович Сатторов дар ин сухани зери файласуф Конфутсий “Хушбахтӣ он аст, ки туро дарк мекунанд, хушбахтии беандоза вақте, ки туро дӯст медоранд. Вале хушбахтии ҳақиқӣ ва бузург он аст, ки ту касеро, чизеро дӯст медорӣ” матраҳ гардидааст. Оре, воқеан, Игор Ураковичро дарк накардан ва ё нафаҳмидан имконнопазир аст. Ҳатто сухан нагуфта, ӯро хеле хуб дарк мекунед. Зеро дилу забон, андешаю нияташ як сутун доранд.

Мо, шогирдон, ин сабақи аввали касбиро, дарк кардани инсонҳоро маҳз аз ӯ омӯхтем.

Зиндагиномаи Игор Уракович ва хизматҳои шоёни ӯро даҳ сол пеш рӯи қоғаз овардем. Вале аз ин нияти мо огоҳ шуда, илтиҷо карданд, ки ҳанӯз барои нашр барвақт аст.

Мо, муалифон, қавл додем, ки баъди 20 сол дар синни 70 солагӣ маводро чоп хоҳем кард. Ба умри садсолаи Игор Уракович шубҳа надорем. Аммо вазъи саломатии мо, муалифон, дар авҷи хуруҷи пандемия ташвишовар буда, моро водор намуд, ки, онро саросемавор нашр кунем.

Ҳамзамон, 5 сол пеш Вадим Георгевич Кошлаков (руҳашон шод бод) муаррифии Игор Ураковичро фармоиш дода буд.

Сабаби саввуми ин тавсифнома ҷашни Ваҳдати миллӣ аст, ки саҳми Игор Уракович дар ин пирӯзии дипломатияи тоҷик ва анҷоми даргириҳои солҳои навадум басо калон аст...

- Ман Игорро барои он дӯст медорам, ки мисли ман Иван Фёдоров (Дедов) Тоҷикистонро, Душанбешаҳри азизро тарк накард, гуфта буд Вадим Георгевич.

Чанд сол пеш иддае аз сиёсатмадорони аз Иттиҳоди Шӯравӣ азияткашида саросар тарихи гузаштаи моро сиёҳ мекарданд. Ҳатто онҳое, ки солҳои тӯлонӣ аз пушти созмони бунуфузи Комсомол нон хӯрдаанд, ба намакдонаш тӯф карданд.

Игор Уракович мактаби идоракунӣ ва инсоншиносиро дар созмони Комсомол омӯхт. Аз зинаи котиби ташкилоти комсомолии корхона то мудири шуъбаи Комитети марказӣ (КМ ЛКСМ ҶШС Тоҷикистон) баромад. Дар ин созмон садоқат ба кор, муҳаббату эътимод ба ормонҳои Шӯравӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳасудону бехирадон меъёри асосии инсоншиносӣ буданд. Дар он давра Игор Сатторов ба ҳайси котиби дуюми комитети комсомоли шаҳри Душанбе бори аввал мактаби ҷамъиятии тарбияи кадрҳо мутахассисони ҷавонро ташкил намуд. Ба ҷавонон маърифати садоқат ба касб, равоншиносии дастаҷамъӣ ва бархӯрд дар ҳолатҳои изтирорӣ дарс медод.

Дар омади сухан, Игор Уракович ҳатто дар ҳолатҳои фавқулоддаи садамавӣ низ худро гум намекард. Баъзан ҳамкасбонаш мегуфтанд, ки Игор асабҳои пӯлодин ва тоқати оҳанин дорад. Одати якеро “ду” гуфтан барояш нафратовар буд. Дар яке аз суҳбатҳои пеш аз таъиноташ ба мансаби баланд мансабдор бо тааҷҷуб гуфт:

- Шумо ё хеле ботамкин ва ё хеле бепарво ҳастед. Дигарон барои гирифтани ин вазифа чанд моҳ боз такудав доранд. Аммо шумо ҳатто варақаи шахсиро мукамммал пур накардед.

- Агар дар суҳбат маро фаҳмида натавонед, сад варақи шаҳри ҳолам ба Шумо чизе намедиҳад.

- Хеле хуб, лекин дар ҳар кор бояд худро васеътар ташвиқ кунед. Бо иборае, кам-кам воҳима низ лозим аст, - маслиҳат дод мансабдор.

- Аз пашша фил сохтан мумкин, агар фил сохтан зарурат пайдо кунаду пашша мавҷуд бошад. Дар суръати акс, воҳима бефоида аст, - каме асабиёна ҷавоб дод Игор (Воқеан, имрӯз аз ин одаташ Игор Уракович сахт азоб мекашад. Баъзан аз паси муъҷизаи итилоотӣ расонаҳо ин ё он нуқси ҷузъии корхонаро даҳ маротиба аз андоза зиёдтар тасвир мекунанд, ки зарбаи он қабл аз ҳама, ба тори асабҳои ӯ мезанад).

Соли 1991 ба мансаби киштии шикастаи Иттиҳоди Шӯравӣ ӯро савор карданд. Дар вазифаи корманди масъули Кумитаи кор бо ҷавонон дар кутоҳтарин мудат барномаи дурнамо, Қонун дар бораи сиёсати ҷавонон, рушди фаъолияти ҷавонон ва сиёсати давлат нисбат ба ҷавононро таҳия намуд.

Пӯшида нест, ки аксари кадрҳои болаёқат тарки кишвар карданду дигарон ба тиҷорат даст заданд. Чанд дӯсти айёми кор дар комсомол ба ӯ шариктиҷоратиро пешниҳод карданд.

- Дар тиҷорат фақат аз бозор барои хона сабзавот харида метавонам. Он ҳам на ҳама вақт писанди аҳли оила мешавад.

Аз шаҳрҳои Санкт-Питербург, Москва, Уяновск собиқ ҳамкоронаш чандин бор вазифа, макони зистро омода карданд. Вале Игор Уракович ин сарзмин, ин кишварро аз шаҳрҳои маъруфи дунё бештар дӯст медошт. Дар рӯзҳои хеле мудҳиши соли 1993 воқеаҳои Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаммо ва гиреҳдор менамуд. Касе ба фардо эътимод надошт. Дар чунин лаҳзаҳо коршиносон, сиёсатмадорони хориҷӣ аз Игор Уракович машварат мегирифтанд. Вазъи Тоҷикистонро ба даргириҳои чилсолаи Афғонистон монанд мекарданд. Моҳи сентябри соли 1993 Игор Уракович дар як суҳбат бо коршинсои хориҷӣ қотеъона посух дод, ки Тоҷикистону Афғонистон танҳо ба иқлим, мазҳабу фарҳанг монандию наздикӣ доранд. Лекин дар масоили сиёсӣ касе вазъи Тоҷикистонро ба Афғонистон монанд пешгуӣ мекунад, ба он монанд аст, ки сиёҳпӯсти африқоиро ба сафедпусти аврупоӣ монанду якранг ҳисоб мекуннад.

Таҳлилу хулосаҳои сиёсии Игор Уракович оид ба ба вазъи Тавилдара, марзи Тоҷикистону Афғонистон соли 1994 борҳо аз ҷониби сиёсатмадорони маъруфи дунё иқтибос мешуданд. Ба ҳамин хотир Игор Ураковичро ба вазорати корҳои хориҷӣ даъват карданд. Вазири он вақт Рашид Олимов Игор Ураковичро беш аз 20 сол мешинохт. Рашид Қутбидинович дар суҳбати аввал мушкилоти корро фаҳмонда узрхоҳона гуфт, ки музди меҳнат хеле кам аст.

- Рашид Қутбидинович, барои розигӣ додан чӣ қадар вақт медиҳед?

- Медонам, Шумо ягон бор барои маош кор накарда будед. Барои шумо даҳ дақиқа вақт медиҳам. Лутфан, савол надиҳед, ки вақтатон боз камтар мешавад. . .

Баъди се соат Игор Ураквич котиби дуюми Раёсати протоколи давлатӣ таъин шуд. Дар асл, дар зарфи шаш моҳи кор Игор Уракович ҳамзамон вазифаи таҳлил ва ояндабинии вазоратро иҷро мекарад.

Дар шароити солҳои навадум дар муқобили се нашрияи Тоҷикистон ҳазорҳо расонаҳои хориҷӣ ва гуруҳҳои таблиғотии мухолифин сиёсати хориҷӣ ва рафти ислоҳоти Тоҷикистонро чаппа тасвир мекарданд. Изҳоротҳои матбуотии Игор Уракович бо таҳлилҳои амиқ ва далелҳои қотеъ мавқеъ ва бархӯрди Амрико ва Аврупоро нисбат ба Тоҷикистон тағйир дод. Бори нахуст дар идораҳои расмӣ ташкили брифинг, нишасти матбуотӣ, тайёр кардани варақаи итилоотӣ бо кӯшиши Игор Уракович ҷорӣ гардид (Ҳоло ҳам дастнависи Низомномаи маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бойгонии Игор Сатторов маҳфуз аст).

Ҳоло касе бовар намекунад, ки он вақт сардори Раёсати вазорати корҳои хориҷӣ 12 доллар маош мегирифт.

Барои таблиғ ва муаррифи сиёсати хориҷӣ танҳо сухан гуфтан кофӣ нест. Аз ин рӯ, Игор Уракович бо ҳамдастии собиқ ҳамкасбонаш матбааи хурди раёсатро ташкил намуд.

Шиори сабақи дуюми мактаби зиндагии Игор Уракович ин “нисбат ба худ ба дигарон бештар мадад расон”-ро онҳое мефаҳмиданд, ки солҳои тӯлонӣ бо ӯ кор мекарданд. Дар дувоздаҳ соли ҳамкорӣ, аниқтараш сарварии Игор Уракович, ба соҳаи иттилооти корхона пай бурдем, ки ӯ бидуни дастуруламали кор ва низомномаи Раёсат, барои рушди соҳа истироҳат, фароғат, сармояашро дареғ намедорад.

Соли 1994 дар айёми нахустин интихоботи президентӣ Игор Уракавич пурра ба Раёсати итилоот, таҳлил ва ояндабини Вазорати корҳои хориҷӣ гузашт. Дар нимаи сол аллакий мизони таблиғи сиёҳу сафед баробар шуд. Тими Раёсат дар ҳайати Давлаталӣ Давлатов, Зафар Саидов ягон иттилоъи шубҳаноки беруниро бе ҷавоб намемонд.

Илова бар ин, Игор Уракович дар ҳафта даҳҳо журналистони хориҷию дохилиро пазироӣ ва гусел менамуд. Пахши иттилооти расмӣ дар мавриди рафти музокиорти сулҳи тоҷикон ва баҳсу талоши ҷонибҳо осон набуд. Ҳар ҳарф, ҳар калимаро расонаҳои хориҷӣ бо кунҷи тасвири дилхоҳашон нашру пахш мекарданд. Моҳи октябри соли 1994, як моҳ пеш аз интихобот, дар расонаҳои Аврупо хабари дар ноҳияи Тавилдара пурра таслим шудани неруҳои давлатӣ паҳн гардид. Игор Уракович фавран хабарнигори ОРТ Михаил Никулин ва мухбири рӯзноами “Красная звезда” Шитовро ба ноҳияи Тавилдара сафарбар намуд. Бегоҳӣ дар репортажи фаврӣ аз ҷои воқеа маълум шуда, ки 5 нафар сарбозони Вазорати мудофиа аз ҷониби мухолифин ба гарав гирифта шуда, баъди 9 соат ба қисми низомияшон баргардонда шудаанд.

Дар тӯли 12 соли сарварӣ дар Раёсат Игор Уракович 6 интихоботи президентию парламентӣ, 22 маъракаи сатҳи байналмилалиро бо иттилооти саҳеҳ ва таблиғоти воқеӣ пушти сар намуд.

Моҳи сентябри соли 2001 пас аз террори фалокатбор дар ИМА Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Амрико ва Аврупо дарвоза ба Афғонистон интихоб гардид. Тими Игор Уракович дар тӯли як сол 1670 журналист ва мусофири расмиро ба Афғонистон роҳнамоӣ намуданд. Ба ҳамин баҳона дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сабти расмии (аккредитатсия) журналистон ба танзим дароварда шуд.

Аз мавқеъ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба Афғонистон ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бехатарии минтақа гузоришҳо омода менамуд.

Баҳори соли 2007 шабакаи аврупоии корпуси дипломатии тоҷик ислоҳоти ҷиддиро тақозо намуд. Вазири онвақта академик Талбак Назаров ба ҳайси дипломати дурназар ва иқтисодшинос медонист, ки кишварҳои Аврупо ба иқтисоди кишвар саҳми муносиб мегузорнад. Игор Уракович бо супориши Талбак Назаров вобаста ба вазъият ва ислоҳоти шабакаи аврупоии вазорат гузориш таҳия намуд. Бахусус, пешниҳодҳо оид ба ҳамкорӣ ва робита бо Олмон ҷуқуртар буд. Талбак Назарович гузоришро хонда гуфт:

- Азбаски забони олмониро медонӣ, дар мавриди Олмон бештар гузориш додаӣ. Ин хеле хуб аст, барои амалӣ кардани ин пешниҳодҳои худат ба Олмон меравӣ.

Ин суханони вазири кордону дипломати маъруф барои Игор Уракович шухӣ намуд. Рӯзи дигар Игор Уракович ба вазифаи мушовири сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон таъин шуд. Бо иқдоми Игор Уракович 5 лоиҳаи ҳаҷман ва моҳиятан калони равобит бо Олмон амалӣ шуданд, бахусус, ширкати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар барномаҳои хайриявӣ ва кумакҳои техникӣ ба иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар манфиати хуб ворид карданд.

Мутаассифона, баъди ба нафақа рафтани академик Талбак Назаров тими пурқувваташ низ дар даҳлезҳои сафорат худро нороҳат ҳис мекард. Соли 2010 Игор Уракович ба ватан баргашт. Ва ба кори эҷодӣ даст зад. Китоби 4 ҷилдаи “Таърихи дипломатияи тоҷик аз рӯи далелҳо” (бо шарикмуаллифии Назриев)-ро ба нашр омода намуд. Ҳамзамон барои донишгоҳҳои Тоҷикистон маводи дарсӣ оид ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуд.

Дар ин муддат Корхонаи “ТадАЗ” дар натиҷаи ислоҳот ба Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” табдил ёфт. Акнун шарикони ширкат аз 21 давлати ҷаҳон ва 12 ширкати маъруфи аврупои ва осиёӣ бархӯрди нав тақозо мекарданд. Бо дастгирии Раиси Шӯрои директорон Шералишоҳ Кабир дар заминаи Маркази матбуотии КВД “Талко” Департаманти иттилоот ва робита бо ҷомеа ташкил гардид. Нашрияи “Алюминийи Тоҷикистон”, радиои “Талко” ва се ВАО-и мустақили шаҳри Турсунзода сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоии ширкатро воқеъназарона таблиғ мекарданд. Филмҳои мустанади “Парчами иқбол” (соли 2017 дар озмуни филмҳои мустанади “Симо” беҳтарин дониста шуд), “Мушкилоти вазнини металли сабук” (барои ин филмҳо соли 2012 Игор Сатторов барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ гардид), “Каронаҳои нури Карон”, “Моҳӣ дар баҳр арзиш надорад”, лавҳатасвири таблиғотии “Ин ҷо Тоҷикистон” (Дар телевизиони “Евронюс”), китоби “Талко”: дирӯз, имрӯз ва фардо” (интишороти Туркия ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), 28 варақатасвир оид ба Ширкат шуҳрати корхонаи азими саноатии Тоҷикистонро ба олам муаррифӣ намуданд.

Сабақи дигари хеле омӯхтании Игор Уракович - мушкилнописандӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ аст. Аз ин хусус дар боло ишора карда будем. Дар чунин рӯзҳои буҳронӣ мушкилнописандӣ шарти басо муҳим аст. Борҳо мегӯяд, ки истилоҳи “проблема”-и русӣ ба забони тоҷикӣ маънои аслиашро гум мекунад. Мушкилот, муаммо, гиреҳ - ин калимаҳо оҳанг, ҷиддияти “проблема”-ро коҳиш медиҳанд.

- Мо набояд аз мушкилот тарсем. Мушкилот бояд аз мо ҳаросон бошад.

Бузурге хуб фармудааст: “Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст”.

Лекин марди қобил Игор Уракович дар талаби дунё нест. Дунёи ӯ кор ва боз ҳам кор аст. Истироҳати ӯ шеърнависӣ ва эҷоди мусиқӣ аст.

Воқеан, ба ҳамкасбонамон боз як сирри Игор Ураковичро ошкор мекунем. Ӯ овозхон ва мусиқидони болаёқат буда, бо имзои мустаор чандин шоҳкориҳо кардааст.

- Ба ҳамаи он чӣ дар зиндагӣ даст ёфтам, нақш ва заҳмати ҳамсарам Елена Викторовна, фарзандонам Виталий, Илина ва падарзавҷаам Виктор Павлович бузург аст, - мегӯяд Игор Уракович.

Ҷашни Ваҳдат ва мавлуд муборак!

Ба ин андешаҳои самимии табрикотӣ аҳли заҳмати гуруҳи ширкатҳои “Талко” шарик мебошанд. 


Наҷмиддин Шоҳинбод

Ҳабиб Мақбулов


Комментарии для сайта Cackle