Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар ин рӯзҳои душвор набояд дар канор бошем


18.06.2020 23:28

: 539

Дар замони муосир ҷаҳон ба як қатор проблемаҳои глобалӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки онҳо ба ояндаи инсоният хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои ташвишоваре, ки кулли мардуми сайёраро ба ваҳм овардааст, паҳншавии вируси нав мебошад, ки чун коронавируси COVID-19 маълум гаштааст.

Ҳанӯз аз оғози пайдоиш ва рушди пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои муассири пешгирии хатари онро дар мамлакат таҳияву роҳандозӣ кард. Аз ба карантин фаро гирифтани ҳамаи онҳое, ки ба кишвар ворид мешуданд, то пурзӯр намудани назорати сарҳадот ва ҳатто қатъи намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, ки мутаассифона, барои баъзе каҷназарон омили сангандозӣ ба сӯи давлат низ шуд, фақат ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ ва кам кардани хатари воридшавии ин беморӣ ба Тоҷикистон буд.

Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамҷавор бо кишварҳои қаблан ба ин вирус сироятшуда наметавонист аз ин вабо эмин монад. Билохира, рӯзи 30 апрел расман нахустин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар ба COVID-19 эълон шуд.

Моро мебояд, ки ибтикорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ кунем ва алайҳи ин “вабои аср” муборизаи беамон оғоз намоем, саҳми худро дар ҳифзи саломатии миллати куҳанбунёдӣ хеш гузорем, ба ҳамагон ёрии беғаразонаи худро дареғ надорем ва пеш аз ҳама, аҳли оила, хешу ақрабо, ёру рафиқ ва ҳамсояву ҳамватанони хешро барои пешгирӣ аз он омода ва сафарбар намоем, то ин ки дар ин муборизаи беамон муваффақ гардем. Сарвари муаззам мову шуморо огоҳонидаанд, ки: “Мубориза алайҳи ин беморӣ, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи ҳар фарди баномус мебошад”.

Густариши бесобиқаи пандемияи короновирус, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард, кишварҳои абарқудратро низ маҷбур кард, то эътироф намоянд, ки дар муқобили COVID-19 бидуни муборизаи дастаҷамъона ба натиҷаҳои нек ноил нахоҳанд шуд. Омори фавт дар кишварҳои бузургу пурқудрат, чун Чину Амрико, Русияву Италия ва дигар давлатҳои аврупоиву амрикоӣ гувоҳи то ҳол хатарноктарин душмани инсоният боқӣ мондани пандемияи коронавирус мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 75-солагии Fалаба бори дигар аз зарурати иттиҳоду ҳамдилӣ ва муборизаи дастаҷамъона барои мағлуб намудани короновирус ёдоварӣ карда, фармуданд, ки “Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлӯи якдигар бошем”.

Тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар мубориза ба муқобили ин вабои аср албатта ҳамаи манотиқи кишварро фаро мегирад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ низ муборизаи беамон ба муқобили авҷу густариши короновирус шуруъ шудааст. Ситодҳои доимамалкунандаи мақомоти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон барои татбиқи амру дастурҳои ситоди ҷумҳуриявӣ чораандешӣ мекунанд. Аз роҳандозӣ кардани корҳои тарғиботӣ, омодаву мутобиқ намудани беморхонаҳо ва муайян кардани афроди бемор то безараргардонии хонаҳо, кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои серодами ҷамъиятӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ситодҳои маҳаллӣ мебошад.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки аз бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1544 Фармон ба имзо расониданд. 

Тибқи Фармони мазкур, аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида мешавад. Ҳамзамон, то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти   СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда мешавад.

Мову шумо ғояҳои ояндасози миллатро бояд сармашқи кори хеш намоем, ваҳдату инсонгароӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро ҳаддалимкон мавриди тарғиб қарор диҳем ва дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид бошем, то ин ки ин муборизаи мо ба маҷрои пурқуввату беамон алайҳи COVID-19 табдил ёбад. Ба ин васила паҳншавию таъсири пандемия ба ҷомеаи мо маҳдуд мегардад.

Саҳифаҳои таърихи миллати азияткашидаи мо сабақҳои зиёде барои мову шумо фароҳам овардааст ва бовари дорам, ки касе хуни тоҷикӣ, нангу номуси ватандорӣ, шири модари тоҷикро хӯрда бошад, дар ин рӯзҳои барои миллату ватан душвор дастгиру такягоҳи боэътимоди ӯ мегардад. 

Бояд фаромӯш насозем, ки Тоҷикистон – ватани ягонаи мову шумост ва ободиву сулҳу суботи он низ бар дӯши мо бояд бошад. Хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нодида нагирем ва баръакс, дар сафи фарзонафарзандоне, ки корҳои шоиста дар рафъи ин хатари аср - СOVID–19 мегузоранд бошем ва саҳми муносиби хешро дар пешгирии он гузорем. Беҳуда Сарвари муаззами миллат нагуфтаанд, ки “Тоҷикистонро дӯст доред”. Садоқати ин шахсияти барҷастаро на танҳо гуфтори ӯ, балки кирдору рафтори ӯ далолат мекунанд. Ӯ дар давраҳои мудҳиштарин барои миллат тавонист онро аз парокандагиву нобудшавӣ эмин нигоҳ дорад, сулҳи деринтизори моро таъмин ва субботу равнақи кишварро роҳандозӣ намояд.

Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва мардуми он мардуми таҳаммулпазиру меҳмондӯст, ваҳдатгарову дорои маърифати баланди илмиву фарҳангӣ буда, таърихи ниёгони мо моломоли далелҳои мардонагиву шуҷоатнокӣ, озодихоҳиву ваҳдатофарӣ, муборизаи беамон зидди душманони дохиливу хориҷӣ ва ҳамеша дастгири ҳамдигар дар рӯзҳои душворӣ ҳаёти буда, ҳангоми пайдоиши хатаре ба миллат ва кишвар аз як гиребон сар мебароварданд, то ин ки адӯро бо ҳам несту нобуд созанд. Дар масири таърих тоҷикон бо ихтирооти илмиву амали ҳамеша ливои пешсафиро соҳиб будаву, ба донишандӯзиву тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хосса доштаанд ва дар тамоми ақсои дунёи исломии асрҳои миёна риштаҳои диниву дунявӣ дар дасти онҳо буд ва мо бо аксар фарзонафарзандон - алломаҳои саҳеҳандеши худ дар байни оламиён то ба имрӯз ифтихор дорем. Имрӯз рӯзест, ки санҷиши ваҳдати миллӣ ба миён омадааст, моро мебояд аз сабақҳои таърихӣ ва таҷоруби ниёгони хеш биомӯзему онро сармашқи кори хеш қарор диҳем.

Аз ин рӯ, ба ононе, ки худро соҳибватан, соҳиби нангу номус, узви ин миллат меҳисобанд муроҷиат менамоем, ки дар ин рӯзҳои душвор ба ҳаёти миллат набояд дар канор бошанд ва чӣ ҳамватанони ватанӣ ва чӣ ҳамватанони хориҷӣ бояд аз як гиребон сар барорему вабои асрро аз кишвари биҳиштосоӣ хеш нест кунем ва миллати хешро дар рӯзҳои вазнинии ҳаёт дастгирӣ намоем.


Ҳамдамзода

Хурсанд Акбар

декани факултети иқтисодии

Донишгоҳи давлатии Бохтар

ба номи Носири Хусрав


Комментарии для сайта Cackle