Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Террорист-шогирдони наҳзат дар Нигер


10.02.2021 14:55

: 113

Ахиран дар расонаҳои байналмилалӣ хабарӣ қатли дастаҷамъонаи ҳудуди 70 нафар сокинони ду деҳаи марзии кишвари Нигер дар Африқои ғарбӣ аз сӯйи тундравони исломӣ нашр шуд, ки боиси маҳкумият ва иҳзори таассуфу тасаллияти ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт. Чунин амалҳои ваҳшиёнаи террористӣ, пеш аз ҳама, дар зеҳни мо, насле, ки ҷанги бародаркуширо дар Тоҷикистон пушти сар кардаем, хотираи талху ваҳшатноки қатлу куштори гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии наҳзатиро зинда мекунад.

Бо дидани чунин манзараҳои даҳшатангез тавассути телевизон ва мутолиаи ахбор роҷеъ ба онҳо беихтиёр саҳнаҳои ҷанги дохилӣ ва амалҳои ваҳшиёнаи қотилони наҳзатӣ, ки дар солҳои 1990 алайҳи мардум, миллат ва давлати худ анҷом медоданд, пеши назарҳо меояд. Аммо бояд қайд намуд, ифротиёни нигерӣ дар анҷоми амалиёти ваҳшиёнаи худ назди маҳорати террористӣ ва ниҳояти бераҳмии саркардагон ва аъзои гурӯҳҳои ифротӣ дар дохилӣ Тоҷикистон шогирд менамоянд. Агар ифротиёни нигерӣ дар ду деҳаи кишвари африқоии 23 миллионнафарӣ ҳудуди 70 нафарро қатл карда бошанд, ифротиён ва террористони наҳзатӣ ҳамарӯза хонаводаҳои зиёдро бо ҳамаи аъзои он ба қатл мерасониданд. Мутмаинан, насли калонсоли ҷомеа хабари қатли 22 узви як хонавода дар маҳаллаи ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 1998 тавассути Мансур Муаккалов, яке аз саркардагони гурӯҳи мусаллаҳи ташкилоти террористии наҳзати исломиро дар хотир доранд.

Як бомдоди баҳорӣ сокинони Душанберо шунидани хабари аз тарафи Муаккалов ба қатл расонида шудани ҳама аъзои як хонавода, ба ҷуз як тифли бегуноҳи оила дар гаҳвора аз хоб бедор намуд. Ин ҷо бояд қайд кард, ки ин тифл ҳам на ба далели он ки ба ӯ раҳм шуда бошад, балки ба амри тасодуф дар амон монд ва орзу мекунем, ки зиндаву саломат бошад.

Аммо миллат ин гуна саҳнаҳои таърихи худро низ бо ҳама фоҷиаборӣ ва талхию даҳшат набояд аз хотираҳо фаромӯш кунад.

Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар 27 июни соли 1997 низ амалҳои ваҳшиёнаи худро идома дода, дар шарқи Душанбе бо неруҳои давлатӣ даргир мешуданд. Ин гурӯҳ дар ин минтақа солҳо ба гаравгонгирӣ, роҳзанӣ, аз ҷумла гаравгонгирии шаҳрвандони хориҷӣ, қатл, авбошӣ ва таҷовуз машғул буданд. Дар давоми ин солҳо гурӯҳи мазкур беш аз 400 ҷурму ҷиноят содир намуда, тибқи омори расмии Прокуратураи генералӣ, беш аз 200 (дусад) шаҳрванд ё ҳамватани бегуноҳи хешро ба қатл расонидаанд.

Саркарда ва бунёдгузори дигари қатлу куштор ва эҷоди фазои даҳшат дар ҷомеа ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ Ризвон Содиров, ба истилоҳ, сарқумондони ташкилоти террористии наҳзат буд, ки он замон дар Душанбе, Кофарниҳон, Роғун, Fарм ва Тавилдара садҳо афроди бегуноҳ ба дасти ӯ ва аторофиёнаш, хусусан бародаронаш қатл карда шуданд. Хотираи шоҳидон ва атрофиёни Ризвон ва воқеияти таърихӣ гувоҳи он аст, ҳар ҷоеро, ки қароргоҳи муваққатӣ интихоб мекард, замини он ба қабристони қурбониёни ӯ табдил мешуд. Ҳоло дар шаҳраки Баҳораки Афғонистон қабристоне бо номи “қабристони тоҷикон” мавҷуд аст. Дар асл, ин қабристон як посгоҳи аскарони Шӯравӣ буд, ки Ризвон онро барои худ қароргоҳи будубош ва ба истилоҳ Вазорати дифои наҳзат сохта будааст. Баъди боздошти Ризвон дар соли 1995 аз ҷониби қувваҳои Наҷмиддинхон сокинони маҳаллӣ мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки дар дохили хонаҳои ин қароргоҳ ва дар ҳавлии он садҳо қабр мавҷуд аст. Асирони наҷотёфтаи тоҷик ва сокинони маҳаллӣ нақл мекунанд, ки Ризвон асирони низомӣ, аксарбачаҳои тоҷик, зиндониёни худ, аз ҷумла чанд афғонеро, ки Ризвон аз онҳо қарздор будааст, бо шеваҳои ваҳшиёна қатл намуда, дар маҳалли қароргоҳаш дафн мекардааст.

Шоҳидон нақл мекунанд, ки Ризвон яке аз қурбониёни худ, як тоҷири афғон ба номи Башир Муҳаммадро зинда ба зинда ҳамроҳи аспаш дар дохили ҳамин қароргоҳ, ки акнун гӯристон аст, бо шеваи ғайри қобили тасаввур гӯр кардааст. Ҳамин тавр, ҳоло ин қароргоҳи собиқи русҳо дар миёни мардум ба номи “қабристони тоҷикон” шӯҳрат дорад. Шоир ва нависандаи шинохтаи тоҷик Нафасбеки Раҳмонӣ ҳам, ки соли 1995 аз ҷониби Ризвон ваҳшиёна ба қатл расид, дар ҳамин қабристони тоҷикони Баҳораки Афғонистон оромгоҳи абадӣ ёфтааст.

Аз ин ҷост, ки мешавад гуфт, гурӯҳҳои ифротӣ-террористии наҳзатӣ дар даҳаи навади асри гузашта бо анҷом додани амалиёти даҳшатафганона бунёдгузори шеваи нави ҳаракати ифротӣ ва террористӣ дар миёни ҷунбишҳои динии террористии минтақа мебошанд.

Ин ҳама саҳифаҳое аз таърихи пурдаҳшате аст, ки гурӯҳҳои ифротии динӣ ва террористӣ ба сари мардуми мо оварданд ва хушбахтона миллати мо онро пушти сар гузошт. Ҳоло ҳам ин гурӯҳҳои ифротӣ дар талоши эҷоди фазои ваҳшату даҳшат ва дар ин шароит расидан ба мақсадҳои нопоки худ ҳастанд. Албатта, дар солҳои оромӣ бо саъю кўшиши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии кишвар тақвият ёфта ва қобилият посух гуфтан ба ҳама таҳдиду хатарҳои эҳтимолиро доранд. Ва ин гурўҳакҳои боқимонда, ки аз тарафи хоҷагон худ аз хориҷи кишвар ҳидоят шуда ва кумак мегиранд ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба зиндагии осоиштаи мардуми мо, ки тавассути ҷонбозиҳои фарзандони содиқи Ватан таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, рахнае ворид созанд. Вале агар хотираи таърихии мо заъиф шавад ва он сабақҳои талхи гузаштаи начандони дури худро фаромӯш созем, эҳтимоли осебпазир шудани вазъияти мавҷуд бештар мешавад.


Раҳматкарим Давлатов

Директори

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ


Комментарии для сайта Cackle