Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Муҳоҷират ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ


01.02.2021 09:49

: 82

Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоии кишвари қабулкунанда – Русия саҳми назаррас мегузоранд. Инро мақомоти шаҳру вилоятҳои ин кишвар борҳо эътироф кардаанд. Дар ин раванд саҳми намоядагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ ҳам бузург аст.

Бо иқдоми Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Саидзода қариб ҳар ҳафта чорабиниҳои муфиду рӯзмарра доир мешаванд. Ба ҳамин монанд 27 январ дар бинои “Маркази Елсин”-и пойтахти Урали Миёна бо ибтикори Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург, раёсати Муфтиёти мусулмонони вилояти Свердловск, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии ин вилоят, дар мавзӯи “Мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ва ҷилавгирӣ аз зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ” конфронс доир шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти қудратии вилоят, аъзои созмонҳои миллии ҷамъиятӣ, имомхатибони маҳаллӣ, намоядагони Консулгарии генералии Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, ба кулли ҷаҳон таҳдид мекунад. Ин падида боиси ба миён омадани оқибатҳои хатарнок, аз қабили таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти осоиштаи одамон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар кишварҳои алоҳида, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.

Инчунин мутахассисон роҷеъ ба масъалаи ба таври пинҳонӣ амалҳои ғаразноки худро миёни муҳоҷиронӣ меҳнатӣ роҳандозӣ намудани созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, паёмадҳои манфии фаъолияти густурдаи идеологии ин гурӯҳҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Интернет, хислати зиддиинсонии амалҳои содиркардаи ин гурӯҳҳо, аҳамияту зарурати риояи қонунгузории кишвари иқомат (Русия) ва эҳтиром гузоштан ба фарҳанг ва урфу одатҳои миллату халқияти он ибрози назару андеша намуданд.

Муфтии вилоят Абдулқуддус Ашарин дар хусуси аз нигоҳи исломӣ ба меъёрҳои шариатӣ мухолиф будани амалҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мисолҳои мушаххас овард.

Қайд гардид, ки новобаста аз вазъи вобаста ба пандемияи коронавирус ва баста будани сарҳадҳои давлатҳо, хатари ин зуҳуроти номатлуб ҷомеаи моро нигарону нороҳат мекунад ва дар ин самт миёни ҷавонон бояд ҳарчи бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Рӯҳониёни солимфикр дар мавъизаҳое, ки дар аснои намозхонӣ мегузаронанд, ба тамоми мардум, хусусан ҷавонон, бояд пайваста хитоб кунанд, ки бо камолоти маънавии хештану донишомӯзӣ машғул бошанд, касбу кор омӯзанд, фирефтаи ягон нафар ё гурӯҳи ифротгаро нагарданду худ ва хонаводаашонро зери хатар нагузоранд.

Дар чорабинӣ ҳамзамон намояндагони субъектҳои хоҷагидории шаҳри Екатеринбург ширкат варзиданд. Дар баромадҳои худ онҳо ба мавзӯи нарасидани қувваи корӣ дар бозори меҳнати минтақаи Урал ишора намуда, хостори мусоидат барои вуруди шаҳрвандони Точикистон ба минтақа ҷиҳати идомаи кору фаъолияташон дар корхонаҳо шуданд. Қайд гардид, ки онҳо омодаанд, бо риояи ҳама гуна қоидаҳои беҳдоштӣ муҳоҷирони меҳнатиро қабул намуда, бо ҷойи хоб ва кори доимӣ таъмин намоянд. Ҳамзамон иброз гардид, ки онҳо низ, дар навбати худ, бо муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ, дурӣ ҷустан аз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Ходимони тоҷикистонӣ ва аъзои диаспораи тоҷикон дар шаҳри Екатеринбург дар ин конфронс иштироки фаъолона доштанд. Аз ҷумла, дар ин ҳамоиш муовини роҳбари раёсати бонки “Солидарност” Ибодулло Саидмуродов, роҳбари Хонаи мардумони Урал Фаррух Мирзоев, устоди Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал Сайидалӣ Соҳибов, имомхатиби масҷиди шаҳри Екатеринбург Маҳмадюсуф Сандалов, соҳибкори муваффақу ходими ҷамъиятӣ Сайвалӣ Идиев ва дигар фаъолони ҷамъиятии тоҷик ширкат доштанд.


Фарҳод Мирҷамолов

Екатеринбург


Комментарии для сайта Cackle