Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Генерале аз мактаби ҷавонмардӣ


01.10.2020 10:11

: 236

Мусаллам аст, ҳар инсоне, ки ба дунё меояду ба камол мерасад, хоҳу нохоҳ бар дӯши ӯ иҷрои кореву амале ва ё рисолати бузурге вогузор карда мешавад. Албатта, шахсе, ки дар давоми фаъолияти кории худ дар ин ё он соҳа хизмату фаъолияти софдилонаву содиқонаро ба џо меорад, бешубҳа дар назди ҳамсафон ва аҳли ҷомеа эҳтиром ва обрӯю эътибори хоссаро пайдо мекунад.

Дар радифи ин гуфтаҳо, хизматҳои шоёни таҳсини генерал-майори мустаъфӣ, собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сайдамир Розиқзодаро метавон баланд арзёбӣ кард. Хуб дар хотир дорам, соли 2001-ро. Бори аввал барои суҳбат ба назди инсони хоксору заминӣ, собиқ муовини вазири мудофиа даромадам. Он замон мавсуф рутбаи ҳарбии полковник доштанду дар вазифаи сардори Раёсат оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият менамуданд.

Чун вориди утоқи корияш гаштам, сарфи назар аз он ки маро намешинохт ва ҳадафи омаданамро низ намедонист, аз ҷой бархосту бо табассуму чеҳраи кушода ва хеле гарму самимӣ ҳолпурсиам намуд. Тавре суҳбат менамуд, ки гӯё маро солҳо боз мешиносаду амали некеро аз ман дида бошад. Ҳудуди тақрибан 20 дақиқае, ки ҳамроҳаш нишастам, ҳар нафаре, ки ба утоқи кориаш медаромад, бо хурду бузург ва бо ибораи маъмул “шеф”-гӯён муроҷиат менамуд. Яъне, ӯ худро аз касе боло намедонист, хеле хоксору самимӣ ва ором сухан мегуфт. Эҳтироми ҳар нафарро ба ҷо меовард.

Илова бар ин, вақте бо ҳар нафаре тариқи занги телефонӣ дар тамос мешуд, нахуст суханро бо лутфу эҳсон оғоз менамуд: “Тансиҳатӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгору зиндагиро ба Шумо таманно мекунам”, - мегуфту баъдан худро муаррифӣ менамуд.

Ростӣ, дар як нишасти начандон тӯлонӣ дар ӯ бисёр хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва шоистаи таҳсинро мушоҳида намудам. Аз вохӯрӣ ва суҳбат бо Сайдамир Розиқзода эҳсос менамудам, ки ӯ воқеан, як шахси хушмуомилаву хушгуфтор, самимӣ, хоксор ва ба қавли дигар, инсони заминӣ аст.

Дар давоми солҳои минбаъдаи хизматиям дар Вазорати мудофиа, бо генерал-майор Сайдамир Розиқзода вобаста ба самтҳои фаъолиятамон, қариб дар тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, машқҳои васеи низомӣ ва дигар амалиёти муштараки сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якҷо иштирок менамудем.

Генерал-майор Сайдамир Розиқзода дар вазифаҳои гуногуну пурмасъул ифои вазифа намуда, дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ баҳри барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар кишвар хизматҳои арзанда намудааст. Дар рушду камоли Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми босазо дорад. Дар кӯмаку дастгирии афсарон ва дар таълиму тарбияи сарбозони ҷавон нақши муҳим бозидааст. Барои ободонии қисмҳои низомӣ корҳои зиёдеро амалӣ намудааст.

Хислатҳои ҳамидаи инсонии Сайдамир Розиқзода боиси таҳсину тасвир аст. Кибру ғурур, худписандӣ ва худситоӣ барояш бегона аст. Новобаста аз мақому мартабааш, ки ба ҳайси муовини Вазири мудофиа фаъолият менамуданд, бо ҳама муносибати хоксоронаву самимӣ менамуданду имрӯз ҳам бо ҳамон хислатҳо соҳибэҳтиром гардида. Зимни фаъолияти хизматӣ борҳо шоҳиди он будам, ки ӯ ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо афсарону сарбозон ва ҳар як корманди вазорат баъди саломи ҳарбӣ мисли падар ё бародар бо чеҳраи кушода, хеле озоду ошкоро ва самимӣ муносибат менамуданд. Ба диду назари ҳар нафар эҳтиром мегузоштанд. Монеаҳои пешомадаро дар самти фаъолияти хизматӣ бо машварату маслиҳат ва таҷрибаи бузургу омӯхтании худ бартараф мекарданд. Дар ғаму шодии наздикону пайвандон ва дӯстону ҳамсафон доимо шарик буданду ҳанӯз ҳам ҳастанд. Ба дили ҳар як афсару сарбози ҷавон роҳ ёфта, мушкилоти онҳоро ҳадалимкон ҳал менамуданд.

Дар воқеъ, генерал-майор Сайдамир Розиқзода соҳиби дили бузург, дасти саховатпеша, рафтору кирдори накӯ ва як инсони нексиришт, поктинат ва фидоиву меҳнатқарин ҳастанд, ки роҳҳои пурпечутоби ҳаётро пушти сар карда, баҳри ободиву ҳифзи Ватан, баланд бардоштани қудрати мудофиавии Артиши миллӣ ва дар таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар хизматҳои беназир намудаанд.

Барои хизматҳои арзандаву бенуқсон ва зимни фаъолият дар самту соҳаҳои гуногуни ҷомеа, ба хусус, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Сайдамир Розиқзода бо мукофотҳои давлатӣ, медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудааст.

Имрӯз ӯ дар ҳалқаи фарзандону наберагон, дӯстону ҳампешагон азизу гиромӣ ва соҳибэҳтиром аст. 1-уми октябр генерал-майор Сайдамир Розиқзода ҷашни мавлуд доранд. Аз ин рӯ, аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи дӯстону бародарон, ҳампешаву ҳамхизматон пеш аз ҳама, ба ӯ тандурустӣ, хонаи обод, файзу баракати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунем.

Чун Сайдамир Розиқзода дар кору фаъолияту хизмат ба маънои томаш мард буданд, мардона рафтор менамуданд, дар зиндагӣ бо гуфтору кирдори мардона амал менамоянд. Бар ҳақ фармудаанд:

Хоҳам ҳама умр шоду хандон бошӣ,

Дар сояи меҳри Шоҳи мардон бошӣ.

Бо часпу талошу мардонаи хеш,

Фарзанди азизи Тоҷикистон бошӣ.


Бо камоли эҳтиром,

полковник Фаридун Маҳмадализода

ва ҷамъи дӯстону ҳамхизматон


Комментарии для сайта Cackle