Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Писханд мезананд, ки “ба ООН нанавиштӣ?


01.10.2020 08:53

: 233

Нақши омӯзгор дар ҳаёти инсон хеле бузург аст. Зеро омӯзгор роҳнамо, мададрасон ва дастгири шогирдон мебошад. Аммо ин суханон ба омӯзгороне дахл дорад, ки аз рӯи виҷдон фаъолият карда, ғами шогирдонро мехӯранду дар фикри ободии ҷомеа ҳастанд.

Дар деҳаи мо мактаби таҳсилоти умумии №48 ба ном арзи ҳастӣ дорад. Зеро директори он Бобур Тилавмуродов, ки бо кадом роҳе соҳиби диплом гардидааст, фарсахҳо аз илму дониш ва одоби ҳамида дур аст. Ӯ муассисаи таълимиро ба муассисаи оилавӣ табдил дода, бештар хешу таборонашро ба кор гирифтааст. Масалан, вай амакаш Баҳодур Тилавмуродовро, ки соҳибтахассус нест, ҳамчун муаллими фанни “иқтисодиёт” ва “тарбияи ҷисмонӣ” ба кор гирифтааст. Хеши дигараш Исматулло Ҳайитмуҳаммадов муаллими фанни “биология” ва ҳамсари ӯ фарроши мактаб мебошад. Келини Ҳайитмуҳаммадов - Насибаи Тағойқул маълумоти олӣ надошта, гӯё аз фанни “физика” дарс медиҳад. Келини бобои Б. Тилавсуродов – Шоира Мирзоева аз фанни “Технология ва информатика” тасаввуроти кофӣ надорад, вале гӯё дарс медиҳад.

Соли равон директори мактаб ба роҳбари синфи 11-ум Насибаи Тағойқул супориш дод, ки гӯё барои супоридани ҳуҷҷатҳояшон ба Маркази миллии тестӣ аз ҳар як хатмкунанда 250 сомонӣ ҷамъоварӣ намояд. Дар маҷмуъ, муаллима ба директори мактаб 2750 сомонӣ супурд. Аммо то наздикиҳо тақдири пулу ҳуҷҷатҳои 6 нафар хатмкунанда - Б. Мамадраҳимов, Бекмуродов, Турақулов, Умарова, Тағойназарова, Ҳайитова номаълум монд.

Ман вобаста ба ҳолати мазкур ба Прокуратураи вилояти Хатлон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Баъди муроҷиати ман Б. Тилавмуродов 250 сомонии писари маро баргардонд. Бо дахолати прокуратураи ноҳия, маблағи хонандагони боқимонда низ ба волидайнашон баргардонида шуд. Аммо як соли фарзандони мо барҳадар рафт. Зеро дар ин муддат онҳо метавонистанд донишҷӯи ягон коллеҷ ё донишкада шаванд.

Ба болои ин, барои ҳақталошиам ман дар бало мондам. Б. Тилавмуродов маро дар кӯча дида, “ҳа, ба ООН (СММ) нанавиштӣ? Бо навиштан аз даст чӣ омад?” – гӯён писханд мезанад.

Бародари калонии ӯ – Улуғбек Тилавмуродов маро “девона” гуфта, борҳо дашном додааст. Додараш Темур бошад рӯзе аспсавор маро таҳдид кард, ки “туро дар кӯчаи деҳа буз мекашам…”

Ман ягон касро таҳқир накардаам. Танҳо ба хотири риояи қонун аз директори мактаб барои 250 сомонии додаам расид (квитансия) талаб карда будам.

Ба муроҷиати ман аз шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон ҷавоб омад, ки “ба Тилавмуродов Бобур дар асоси моддаи 62-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “танбеҳи қатъӣ” дода шуд”.

Прокурори вилояти Хатлон А. Раҳимзода бошад, посух навишт, ки муроҷиати ман барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба и.в. прокурори ноҳияи Хуросон А. Давлатзода фиристода шуд.

Хуб мешуд, ки намояндаи прокуратура бо ҳар як омӯзгори мактаб ва волидайни хатмкунандагон мулоқот мекард. Зеро мо гуфтаниҳое дорем, ки ҳоҷат ба навиштани ҳамаи онҳо нест.


А. Мамадраҳимов

сокини деҳаи Наврӯз,

Ҷамоати деҳоти Фахробод,

ноҳияи Хуросон


Комментарии для сайта Cackle