Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қатли отифае дар сангари қалам


29.09.2020 10:12

: 246

Филми мустанади “Хиёнат”-ро тариқи телевизионҳои давлати тамошо кардаму беихтиёр боз лаҳзаҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ пеши назарам омад. Фоҷиаҳои даҳшатбору талхи миллату ватани азизи мо. Саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом бо ин ҳама кирдорҳои разилонаашон мехостаанд, ки теша ба решаи миллат зананду Тоҷикистони соҳибистиқлолу мардуми шарафманди кишварро ба нестӣ баранд.

Имрӯз худсафедкуниҳои саркардаи фирорӣ ва дигар пайравони ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломро мебинаму қалбамро дарди фироқи шаҳидони бегуноҳи ҷанги шаҳрвандӣ фишор медиҳад. Пеши назар чеҳраи гарму гесувони дарози Шарифамоҳи Кишвардӯхт ҳувайдо мегардад. Шарифамоҳи рӯзноманигор, оқила, ширингуфтору маҳфилоро, донишманду поксиришт, ки яке аз ҳазорон шаҳидони ҷанги бародаркуш гардида буд, ҷанге, ки саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом бар ивази маблағҳои пуштибонони хориҷиашон оғоз карданд.

Дар солҳои 90-уми қарни гузашта мардуми ба доми тазвир афтидаро саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом гумроҳ намуда, ба майдони ба ном “Шаҳидон” кашиданд. Ҳамон айём банда дар рӯзномаи вилоятии “Навиди Вахш” фаъолият доштам. Мардуми ба майдон ҷамъомада, аз адолату озодӣ сухан намуда, аз шароити рӯзгор, гаронии нарху наво шиква мекарданд, вале намедонистанд, ки зери ин парда чӣ асроре ниҳон аст. Онҳо фикр мекарданд, ки саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом пуштибонӣ аз халқ доранд, аммо дар асл, ин разилони наҳзатӣ бар ивази ин майдоннишастагон чӣ қадар маблағҳои зиёдеро аз хоҷагони хориҷии худ гирифта буданд ва ҳадафашон сарнагун сохтани давлати қонунӣ буду ҳарчи бештар ҷамъ овардани сарвати беранҷу заҳмат.

Шарифамоҳи Кишвардӯхтро хуб дар хотир дорам. Он айём мисли дигар рӯзноманигорони нашрияи вилоятӣ амсоли мӯй дар оташ ба худ мепечиду мегуфт: “Ин ҳама кирдорҳои саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ бо роҳи фиреб мардумро дар майдони “Шаҳидон” ҷамъ овардаанд, нобахшиданист”.

Аз касе ҳарос надошт Шарифамоҳ, рӯйи рост аз кирдорҳои ғайриинсонии наҳзатиҳои хунхор мегуфт. Таъкид мекард, ки саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом барои беҳбудии мардум талош надоранд. Онҳоро ҳарисии сарват ва мансабталошӣ ба ин ҷода равона намудааст. Шарифамоҳи Кишвардӯхт, ки инсони воқеъабин буд, хурофоту ҷаҳолатпарастии ин гуна ашхосро чашми дидан надошт. Ӯ инсони асил буду ҳушманд ва қаламаш пайваста созанда буд на сӯзанда.

Албатта, озодбаёнию қавииродагии Шарифамоҳи Кишвардӯхт, нишон додани симои аслии саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба ҷомеа, ба разилони наҳзатӣ хуш намеомад ва қасди ҷони ӯ доштанд. Ниҳоят хунхорони наҳзатӣ дар ҳайати гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятӣ Ноибов Воҳид, Раҳматулоев Салим, Раҳматулоев Раҳим, Ҷононов Аваз, Бойманов Бурӣ, Раҳматулоев Ҳасан, ки аз ҷониби саркардаи ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом барои қатлу куштори мардуми бегуноҳи ба ақидаҳои фундаменталистии саркардаи наҳзатӣ мухолифат дошта ташкил шуда буд, санаи 22 сентябри соли 1992, бегоҳӣ, яъне вақти шом, Шарифамоҳи Кишвардӯхтро ҳамроҳи ягона фарзандаш Дилшоди 16-сола аз хонаи иқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) гаравгон гирифта бурдаанд. “Ҳеҷ вақт ин ваҳшиёнро набахшед” - ин буд охирин сухани Шарифамоҳ, ки дар даҳлези бинои баландошёна ҳамсоягон, бошандагони ин маҳалли истиқоматӣ шуниданд. Вале нафаре ҷуръат накард дар он айём сари роҳи ин разилони одамкуши ваҳшитинат шаванд.

Он шоми 22 сентябри соли 1992 касе дигар нашунид садои ин рӯзноманигори ҳақиқатҷӯю ҳақиқатгӯю нотарсро, модари қавииродаи матинро, ки чун Гурдофариди таърихӣ худро ба доми аждари бераҳму шафқат ва ақлбохтаю ватанфурӯхтаи наҳзатӣ зад.

Дар ҳамон рӯзҳо шаҳри Қӯрғонтеппа ва аксар мавзеъҳои ноҳияи Бохтар (ҳозира Кӯшониён) зери тасарруфи силоҳбадастони ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом буд ва онҳо дар ҳар гӯшаву канори шаҳру ноҳияҳо қатлгоҳҳои даҳшатзо ташкил карда буданд.

Он яроқдорони ҳайвонтабиати наҳзатӣ чи хеле ки шогирдони парваридаашон имрӯз на ба кӯдак, на ба бузург, на ба хоҳару модари Сурия раҳм накарданд, ҳазорон кӯдакону модаронро сар буриданд, шаҳрҳоро вайрону валангор намуданд, на танҳо қалби пурмуҳаббати беолоиши модарро надиданд, дарк накарданд, балки бо сад шиканҷаву азият Шарифамоҳу фарзанди ягонаашро ба қатл расониданд.

То ҳол модару падари Шарифамоҳ ва пайвандонаш барои ин фарзанди ҷавонмаргу набераи ноболиғашон гиряву ноларо қатъ накардаанд. Аз нақли пайвандонаш он рӯзҳо гурӯҳи силоҳбадасти ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом аз маҳаллаи Ломоносов (ҳозира шаҳраки Бохтар) беш аз 300 нафар ҷавононро бо яроқу зӯрӣ аз хонаҳояшон берун бароварда, дашномҳои қабеҳ дода, лату кӯб карданд ва зери яроқ ба автомашинаҳо бор карданд. Ҳамон лаҳза ду бародари Шарифамоҳ - Гулмурод ва Фурқатро низ дастгир карда буданд. Падари Шарифамоҳ бобои Кишвар бо ашку алам аз яроқбадастон илтиҷову зорӣ ва тавалло менамуд, ки фарзандонашро раҳо намоянд, “Онҳо гуноҳе надоранд, ҳанӯз чор рӯз пеш духтару набераамро қотилон бурда, бедарак намудаанд”. Аммо яроқбадастон мӯйсафедро сарзаниш мекунанд, ки занро чиву журналист шуда кор карданаш чӣ!

Ниҳоят, бо зориву тавалло писари хурдиаш Фурқатро, ки хеле ҷавон буд, аз он мошин фароварда ба хона мебарад. Дигаронро ба назди бинои собиқ Кумитаи иҷроияи вилоятӣ назди “Кохи Ватан” меоранд. Гулмурод ва як нафар ҷавони дигарро ҳамон лаҳза гирифта, таъкид мекунанд, ки назди апаи журналисташ баред, яъне ба қатл расонед. Қотилони наҳзатӣ Гулмурод ва ҳампаҳлуи ӯро ҳамон лаҳза бурда, бо чашмони баста мепарронанд. Гурӯҳи боқимондаи беш аз 300-нафараро рӯзи дигар ба қатл мерасонанд, ки аз ҳар як хонадони маҳаллаи Ломоносови шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) то 2-3 нафарӣ буданд.

Баъди ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ, чун хотираи нек ному насаби ҳамаи он беш аз 300 нафар ҷавонони бегуноҳу бесилоҳ, ки аз дасти қотилони наҳзатӣ ба қатл расонида шуда буданд, дар лавҳаи муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ ҳаккокӣ гардидааст. Гумон мекунам, ки насли ҷавон ҳангоме ки аз ин лавҳаи ёдгорӣ дидан менамоянд, аз он шаҳидони ҷавонмарду ватандӯст, ки дар роҳи бунёди сохти давлати конститутсионӣ ҷон бохтаанд, ёд мекунанд.

Имрӯз шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти ватани азиз менамоем, ки ба ин рӯзҳои неку хуҷаста расидаем. Душманону бадхоҳони миллат ба ниятҳои ғаразноки худ нарасиданд. Орзую омоли Шарифамоҳи Кишвардӯхт ва ҳазорон шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ низ расидан ба имрӯз - рӯзгори осудаю обод, ваҳдату амнияти ватани биҳиштосои мо - Тоҷикистони азиз буд ва он рӯзҳо инак амалӣ гардид.

Хотираи неки Шарифамоҳи Кишвардӯхт дар дилу дидаи мо абадан боқӣ хоҳад монд.


Асалмо Сафарова

сардабири

рӯзномаи “Хатлон”


Комментарии для сайта Cackle