Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қадами сиву як бар чӣ самт аст? - 3


25.09.2020 07:23

: 284

БАХШИ САВВУМ: Роҳбарони вақт дар андешаи дигар буданд

Аввалаш дар инҷост: БАХШИ ДУВВУМ: Вақте таърихамонро буриданд...


Агарчӣ, абармардони миллати бостонӣ, тамаддунофарин ва ҷабрдидаи мо, дар кашмокашҳои ду даҳсолаи аввали қарни гузашта бо кӯмак ва пуштибонии бародарони болшевики рус миқдори зиёди шаҳру навоҳӣ ва мутобиқ ба он, арзишҳои торихии фарҳангиву миллиро ҳифз карда ва наҷот дода буданд, ҳамчунин бо наҳсии боз ҳам ҳамон болшевикон пойтахтҳои давраҳои мухталифи Ватани торихиамон - Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои асосии фарҳангиву саноатӣ ва миқдори азими водиҳои зархези торихиву бостонии худро, мо ба фоидаи ҷумҳурии бародарии ҳамҷаворамон, ки бояд бори аввал дар торих, ҳамчун миллати мустақил ва комилҳуқуқ, вуҷуди худро собит ва пойдор менамуд, аз даст додем. Бинобар ҳамин, мусаллам буд, мантиқан яқин ва аниқ буд, ки дар аввалин фурсат бояд тоҷикон суроғи арзишҳои аздастдодаашон бираванд…

Вале чӣ сабаб шуд, ки нарафтанд?

Албатта, ҷанг! Ҷанги таҳмилии бародаркуш ва фалаҷкунандаву ақлу ҳушрабоянда, ки бояд тамаркузи сиёсатмадорону роҳбарони давлатии моро халалдор ва нобуд месохт, ки сохт…

Шоиру нависандагон, олимон, сиёсатмадорон ва шаҳрвандони патриоту ватанхоҳи тоҷик, ки то охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта, бо далели руҷӯъ ба решаҳои фарҳангиву торихиамон ва омӯзиши сарчашмаҳои мактаби ватанхоҳиву ҷавонмардии классикии халқамон, аз ашъору осори классикони ҷаҳоншумул ба монанди “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, ойини классикии ориёии “ҷавонмардӣ”, ки онро пазирандагони Аврупоӣ “таълимоти ҷентелменӣ” номидаанд (калимаи ҷентелмен - тарҷумаи вожаи ҷавонмард аст) ва мактаби ахлоқии Саъдиву Ҳофизу Камолу Хайём, осори фалсафии Имом Fазолӣ ва садҳо сарчашмаҳои дигари патриотии размҷӯву мардпарвару гурдофарин, ба зинаҳои махсуси мактаби ватанпарвариву миллатшиносиву худогоҳӣ расида буданд ва ҳамагон гумон доштанд ва мо ҳам интизор доштем, ки баъди Арманистону Озарбойҷон, масъалаи ҳалталаби баҳси ҳудудии Тоҷикистону Ӯзбекистону Туркманистон вирди забонҳо хоҳад гашт ва ниҳоят баъди суқуту фурӯпошии Шӯравӣ, ё бо роҳҳои гуфтушунид, ё бо муомилаҳои сиёсиву дипломатӣ ва ё билохира, ба ҳар навъе, ки бошад, ин муаммои доғу ҳалталабу сарпечида ҳаллу фасли одилонатареро хоҳад ёфт.

Дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро баҳси масъалаи миллӣ ва пайвастан ба решаҳои асли ориёӣ пӯхта расида буд. Дар аввали солҳои навадум, гоҳе ки мардумони республикаи мо саргарми мушкилиҳои сиёсии кишвари худашон ба хиёбонҳо ва майдонҳо рехта буданд ва тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои сиёсиву эътирозиро доир месохтанд, борҳо нависандагону олимону шоирон, намояндагони ҳаракатҳои сиёсӣ – ватанпарварии ин шаҳрҳои бостонии дарғурбатафтодаи тоҷик, ба Душанбе омада, кӯшиш мекарданд, ки диққати асосии сиёсатмадорону ҳукуматдорони кишвари моро ба самти мавриди ниёзи аввал кашида, масъалаи доғноктари миллати мо – масъалаи баҳси ҳудудӣ ва озод намудани шаҳру минтақаҳои дар ихтиёри бегонагонбударо манзури ҳамагон бисозанд.

Вале аз ҷониби ҳукуматдорон ва сиёсатмадорони вақти Тоҷикистон барои ин амал ҳаракате карда намешуд, ҳарфе гуфта намешуд. Зеро сарону сиёсатмадорону соҳибони миллати тоҷик худашон аллакай аламдору гирифтору мӯҳтоҷи кӯмаки дигарон шуда буданд. Гирифтори ҷанги таҳмилие, ки маҳз аз тарафи ҳарифони сиёсии ҳамон кишварҳои ҳамсоя, бо ҳамдастиву кӯмаки низомӣ ва пуштибонии ҷузъутомҳои собиқ Қувваҳои Мусаллаҳи СССР созмон дода шуда буд, ки то чанд муддати дигари баъди фурӯпошӣ ҳанӯз дар минтақа монда буданд ва бо баъзе сиёсатҳо ҳамкорӣ ва баъзе сиёсатҳои дигарро саркӯбу несту нобуд мекарданд.

Фурӯпошидани СССР аз ҳама бештар мардуми сулҳпарвару инсондӯст ва таҳаммулписанди Тоҷикистонро ғофилгир карда буд. Аввали солҳои 1990. Мардуми сарсону саргардон. Ҳафтаҳо ва моҳҳои дарози беҳокимиятиву бесоҳибӣ. Аз бими саркӯби нобаҳангом шудан касе ҷуръат намекард, ки ба қудрати дар исқот афтодаву бесоҳибмонда дасти тамаъ дароз кунад.

Журналистону равшанфикрон ва фаъолони сиёсии онвақтаи тоҷикро падидаи нохуше нигарон сохта буд. Мутобиқи хабарҳо ва андешаҳои шахсиятҳои алоҳидаи машғул дар ниҳодҳои амниятии расмии онзамона ва ҳам мувофиқи “бонги хатар”-и сарчашмаҳои форсигарои ғайрирасмӣ, дар ҷумҳурии ҳамсоя, дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари мо ва ҳам дар ноҳияҳои сарҳадии дохилӣ, бо дастури КГБ ва дастгирии низомиёни минтақавии рус, комиссиариати ҳарбӣ мардумони русзабону ӯзбектаборро мусаллаҳ намуда, барои размҳои эҳтимолии дарпешистода омода мекард ва ба таълимоту машқҳои иловагии ҳарбӣ фаро мегирифт.

Акбаршо Искандаров, ба унвони раиси Шӯрои Олии кишвар, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи лағвгардидаи (ботилшуда) президентӣ, дар он замон нафари аввали сиёсӣ ва дорандаи қудрати расмӣ ҳисоб меёфт. Роҳбари сиёсӣ ва сарвари ҳукумати Тоҷикистон. Яъне, амалан, вай шахси дар чорчӯбаи қонун интихобгардидаи расмие буд, ки дар сари қудрат қарор дошт ва имконияти воқеӣ дошт, ки ба монанди дигар роҳбарони республикаҳои ҳамсоя, аз қабили Сафармурод Ниёзов, Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев, дар қаламрави зертобеи худ гурӯҳҳои сиёсиву этникиву миллӣ ва тамоми халқу миллатро муттаҳид намуда, шохисҳои (индикаторҳои) бо иллати фурӯпошӣ азкоруфтодаи ҳокимиятро фаъол созад ва кишварро обод кунад.

Аммо дар он замони рукуди иқтисодӣ, беназмӣ ва беҳокимиятӣ худи ӯ ҳам ҳамчун дигар мардуми ғафлатзадаи он замон, ҳеҷ амале аз худ нишон намедод ва мунтазири он буд, ки аз Маскав ва ё аз ҷои дигар дастури тозае бирасаду ӯ барои иҷрояш аз худ ҳаракате нишон диҳад.

Дар амал собит шуда буд, ки ба монанди аввалин президенти Тоҷикистони шӯравӣ Қаҳҳор Маҳкамов ва аввалин президенти кишвари истиқлолёфта - Раҳмон Набиев, шояд Искандаров ҳам аз амсоли роҳбарони иҷрокунандаи хуби шӯравӣ будааст, ки то ба ин мартабаи қудрат расидаанд, аммо ҳамчун фарди мутафаккиру соҳиби назари шахсӣ ва соҳибибтикору раҳнамои сиёсӣ ва шахсияти тасмимгирандаи босалоҳият ва пуштибони манфиятҳои халқу миллат, ӯ худро нишон дода наметавонист.

Агар ба ҷои Искандаров ҳар нафари дигаре мебуд, шояд ақаллан кӯшише ба харҷ медод, ки Тоҷикистон олудаи ҷанги дохилӣ нашуда, мисли дигар ҷумҳуриҳои бародар бо роҳи сулҳу осоишта биравад ва дар фикри дифои бештари манофеъ ва арзишҳои миллӣ бошад.

Чанд моҳ қабл аз ҳуҷуми низомии кенҷаевӣ бо ибтикори чанд нафар фаъоли сиёсӣ як ҳайъати калони журналистону фаъолон, ки иборат аз намояндагони тамоми гӯшаву канор ва минтақаҳои Тоҷикистон буданд, ба ҳузури Искандаров рафтанд, то ӯро аз вазъи оперативии рӯз бохабар карда, аз ӯ талаб кунанд, ки мардумро дар атрофи худ ҷамъ оварад. Дар кишвар ҳолати ҷангӣ ва мобилизатсияи фаврӣ эълон намуда, ҳамаи миллатро вориди амал созад ва бо ширкати намояндагони тамоми сохторҳои қудратӣ ва вакилони мардумиву фаъолони ҳаракату аҳзоби сиёсӣ чора биандешад, то кишварро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, аз хавфи оғози ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бисозад.

Акбаршо Искандаров, ки ҳамон рӯзҳо мариз будааст ва дар дафтари корияш рӯйи тахти хоби иловатан гузошташуда бистарӣ буд, бо як тамкину саловате, ки ба роҳбарону пешвоён хос аст, аз ҷои хобаш хеста, дар роҳаткурсӣ нишаст ва дуруст ба монанди Иосиф Васиррионович Сталин хунсардонаву ботамкин фикри якояки ҳайъати фаъолони тақрибан бисту панҷ – синафараро гӯш мекард. Гоҳ-гоҳ бо ишораи сар гӯё, ки суханони нигароникунанда ва ҷонкоҳонаи фаъолони бавоҳимаафтидаро тасдиқ менамуд.

Намояндагони ҳайъат бо ҳаяҷон хабар медоданд, ки аллакай комиссиариати ҳарбии шаҳрҳои Тирмизу Ҳисору Турсунзода ҳазорон нафарро, ки ҳама намояндагони як миллат ҳастанд, бо силоҳи “Калашников” ва техникаҳои вазнини ҷангӣ мусаллаҳ намуда истодааст (ва барои ҳар суханашон факту далели воқеӣ меоварданд). Мегуфтанд, бӯйи ҷангу хунрезӣ меояд, ягон илоҷ кунед!

Ба рағми ҳаракатҳои зоҳирияш, натиҷагирӣ ва хулосабарориҳои Акбаршо Искандаров сталинӣ набуд. Вай ҳозиринро ором намуда, мегуфт: “Ба он воҳимапардозиҳову овозаҳои дурӯғ бовар накунед. Авзои сиёсиву оперативӣ ҳама дар зери назорати мо ҳаст. Дунё бесоҳиб нест, ки касе ба Ватани мову Шумо ҳамла ва ё таҷовуз кунад. Ба хонаҳоятон рафта, орому осоишта машғули кору зиндагӣ бошед. Мо дар мақоми роҳбарӣ, ки ҳастем, фикри ҳама чизро карда истодаем…”.

Аз ҳузури Акбаршо Искандаров фаъолини изтиробзада маъюсу ноумед берун омаданд. Онҳо дар беруни идораи ҳукумат боз соате маслиҳату машварат намуда, дар пайи ҷустани илоҷи наҷотбахшии пойтахт аз хатари ҷанг буданд. Зеро дар ҷануби мамлакат аллакай муддатҳо хуни мардуми бегуноҳ рехта мешуд. Минтақаи Кӯлоб дар муосираи иқтисодӣ қарор дошт ва бо марказ амалан робитаҳо қатъ шуда буданд.

Иддае баъди баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ пароканда шуда, ба хонаҳояшон рафтанд. Як гурӯҳи понздаҳ - бистнафара ба масҷиди марказии пойтахт, суроғи Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода рафта, ҳамин пешниҳоди муттаҳидсозии миллат ва ба даст гирифтани қудрати сиёсиро ба он тараф ҳам ироа намуданд ва ҷавоби манфӣ гирифтанд. Ончуноне ки болотар дар ин маврид гуфта будем.

Ҳарчанд дар оинномаву дурнамои сиёсӣ – идеологии ягона ҳизби он замон расман ба тасвибрасидаи динӣ дар миқёси Осиёи Миёна - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло мамнӯъ ва ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълоншуда), чун ҳамаи азҳоби сиёсӣ равшантарин ҳадаф – расидан ба қудрати сиёсӣ бошад, аммо Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода, ки ба рағми роҳбарони расмии он ҳизб, амалан солҳои зиёд ба ҳайси пешвои динии мусалмонони ин кишвар амал мекард, барои ба сари қудрат омадан аз худ рағбати ончуноние нишон намедод.

Он рӯзҳо ҳам бо иллати набудани базаи кадрӣ ва ҳам бо сабаби набудани идеологияи ягонаи муттаҳидсози миллат ва ҳам аз бими хатари саркӯб шудан аз ҷониби неруҳои марказии шӯравӣ, ки имкон дошт, дубора ҷон гиранду ба саҳнаи сиёсӣ ва ба сари қудрат баргарданд, касе моил ба гирифтани қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон набуд.

Ба ғайр аз ягона шахсияте, ки барои ҳамин кор тарбиядида ва барномарезишуда буд ва пуштибонии қудрати минтақавию марказиро ва имконияти пурраи сари қудрат омаданро дошт ва бештар аз ҳама дер боз орзуву ҳаваси роҳбари ҷумҳурӣ шуданро дар дил мепарварид, Сафаралӣ Кенҷаев буд, ки дар солҳои фаъолият ба ҳайси ҷонишини прокурори Осиёимиёнагии роҳи оҳан дар шаҳри Тошканд, дар охири солҳои ҳаштодум бо роҳбари онвақтаи Ӯзбекистон - Ислом Каримов робитаи наздики дӯстӣ пайдо карда ва вориди барномаҳои муштараки стратегии сиёсӣ – идеологӣ гардида буд.

Ҳанӯз дар аввали солҳои навадум, ҳангоми пешбарӣ кардани номзадии вай ба сифати вакили мардумӣ, теъдоде аз равшанфикрон, шоиру нависандагон ва фаъолони сиёсиву адабиву фарҳангии тоҷик, ки дар бинои Иттифоқи нависандагон маркази (компанияи) маъракаи таблиғотии пешазинтихоботӣ ташкил намуда, ӯро дар байни интихобкунандагон муаррифӣ ва ташвиқ месохтанд, аз сӯҳбату ройзаниҳо ва изҳори ақидаҳои ӯ эҳсоси бегонапарастӣ ва табиати зиддиориёиро пай бурда, ба хулосае омада буданд, ки мавқеи кору фаъолият ва зиндагонӣ дар Тошканд мафкураи ӯро олуда ба ақидаҳои пантуркӣ кардааст ва ояндаи Тоҷикистонро фақат дар фармонравойии мутлақи умумиӯзбекӣ ва осоиш дар сояи сиёсатҳои иттиҳоди умумитуркӣ тасаввур карда метавонаду бас.

Аз тарафи дигар, дар он давраи қабл аз гузариши торихӣ дар ВАО-и ҳамонзамонаи умумииттифоқӣ таҳлилгарони сиёсӣ борҳо Тоҷикистонро “Остров коммунизма” унвон ва баҳогузорӣ менамуданд. Касе возеҳ намегуфт, ки ин хусусияти дар он замон гӯё тадбиран махсусгардонидашуда барои тоҷикон аз нигоҳи таҳлилгарон “иллат” бошад, ё “сифат” ва ё “ҷурм”…


Сулаймонбеков Аноятбек

генерал-майори амният     


Абдураззоқ Саид

журналист, фаъоли ҲХДТ

махсус барои “ИмрӯзNews”


(Идома дорад)


Комментарии для сайта Cackle