Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Аз Либия то Белорусия: иштибоҳе, ки бояд такрор нашавад


27.08.2020 09:46

: 455

9 августи соли равон дар Ҷумҳурии Белорусия, ки яке аз кишварҳои аврупоии пасошӯравӣ мебошад, интихоботи президентӣ баргузор шуд. Интихоботи ин кишвар бо иштироки фаъоли шаҳрвандон сурат гирифта, дар он 5 номзад барои курсии президентӣ рақобат намуданд.

Аз оғози маъракаи пешазинтихоботӣ кишварҳои аврупоӣ ба интихоботи Белорус нигоҳи хашмона зоҳир намуда, мехостанд, ки Александр Лукашенко – бунёдгузори давлати навини Белорусия, дар ин маъракаи интихоботӣ иштирок накунад ва майдони сиёсиро ба нафъи афроди аврупогаро тарк кунад. Онҳо ҳамеша бар он таъкид меварзанд, ки “Лукашенко диктатор асту дигарандешонро саркӯб мекунад”.

Аврупоиҳо аз тариқи Полша ба мухолифини асосии ҳукумати Белорусия, ки дар шахси тарҷумонбону - Светлана Тихановская шинохта мешаванд, машваратҳои сиёсӣ, роҳнамоиҳои интихоботӣ ва сарпарастии молӣ пешниҳод намуда, тамоми маъракаҳои сиёсии ин кишварро таҳти назорат доранд ва ҳатто тамоми пайвандону наздикони мухолифини ин кишварро ба давлатҳои аврупоӣ бурда, гӯё “паноҳгоҳи сиёсӣ” додаанд.

Бо наздик шудани рӯзҳои баргузории интихобот дастҳои хориҷӣ барои нооромии Белорусия дар маъракаҳои интихоботӣ намоёнтар шуда, баъзеи ин дастҳо ошкор ва қатъ шуданд, вале ҳамоно талошҳо барои нооромии ин давлати мутараққӣ ҷараён дорад.

Интихоботи Белорусия бо пирӯзии Александр Лукашенко (80,1%) ҷамъбаст гардида, рақиби асосии ӯ Светлана Тихановская 10,12% раъйи мардумро ба даст овард, ки боиси норизоияти ҷонибдорони ӯ гардида, бо васвасаҳои аврупоиҳо даст ба тазоҳуроти густурда зада, баъзе аз ҷодаҳои шаҳри Минскро ифлосу вайрон намуданд. Лукашенко бошад, ҳамеша мардуми худро ба сабурӣ ва андешаи солим даъват намуда, талошҳои хориҷӣ барои барҳам задани субот дар ин кишварро таъкид менамояд. Кишварҳои Аврупо бошанд, ба мардуми Белорусия ваъдаҳои ҳангуфт дода, чун аҳолии бехабари Ироқу Сурия ва Либияву Яман белорусиҳоро ба майдонҳо кашидаанд.

Ин вазъияти сохташудаи хориҷиён дар ҳоле ба вуҷуд омадааст, ки Белорусия баъд аз барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ дар раванди рушди густурда қарор дошта, ҳам аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ дар бартарии комил қарор доранд. Маоши миёна дар Белорусия 470 долларро дашкил медиҳад. Омӯзгорон аз 500 то 3000 доллар, духтурон аз 500 то 3000 ва суду прокурорҳо низ то 3000 доллар ҳақмузд мегиранд.

Маҳсулот дар бозорҳои Белорус низ дар муқоиса ба кишварҳои аврупоӣ ба маротиб арзон мебошад. Аз ҷумла, нархи сӯзишвории бензин - навъи АИ 95 бо арзиши 72 сент ва навъи олӣ бо нархи 82 сент фурухта мешавад. Аммо ин навъи сӯзишворӣ дар полша аз 1,20 то 1,35 доллар ва дар Олмон бошад, як литр бензин 1,5 доллар қиммат дорад, ки як баробар гаронтар аз арзиши Белорус мебошад.

Ҳукумати Белорусия барои мардум замин, кор, шароити моддию маишии зиндагиро ба таври комил фароҳам намуда, таҳсилот ройгон, табобат ройгон ва адолати судӣ дар ин кишвар ба таври шоиста барқарор мебошад. Вале танҳо як мушкил ин кишварро ба доми фитна расонидааст: сар фуруд наовардани Лукашенко пеши сиёсатмаобони хориҷӣ. Талаб намудан аз ҳаққи мардум, дифоъ аз манофеи миллию сиёсии кишвари худ дар арсаи сиёсатҳои байналмилалӣ ва монанди ин дигар сарсахтиҳо боис шудааст, ки болои Белорусия фишорҳои сиёсӣ роҳандозӣ гарданд. Лукашенко бошад возеҳона ба аҳолии “муътариз”, ки ҷоми фиребро нӯшидаанд таъкид мекунад, ки “мо набояд барои Аврупо партовгоҳ шавем. Кишварро таслим нахоҳем кард. Белорусҳо бо саратон фикр кунед вагарна, ба ҷои Шумо дигарҳо фикр мекунанд”.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон додааст, ки низомҳои султагар пайваста талош менамоянд, ки болои кишварҳои сарватманд фишор оварда, манфиатҳои худро дар ин навъ кишварҳо пиёда кунанд. Маҳз ин сиёсатҳои муғризона боис шуд, ки мардуми Либия зиндагии бо рифоҳи худро ба ҷангу хушунат иваз намуда, давлати ободу сарватманди худро ба хоку хун кашониданд. Имрӯз дар Либияе, ки таълим ройгон, табобат ройгон, хонаҳои давлатӣ ройгон ва маош болотар аз ҳадди Аврупо буд, аз байн рафтаву суботи комил нест шуда, давлати ягона ба майдони рақобатҳои Туркияву Италия ва Фаронсаву Русия мубаддал гардидааст.

Дар Ироқу Сурия низ чунин сиёсат роҳандозӣ шуда, беш аз 500 ҳазор инсон кушта шуд. Яман бошад майдони хушунатҳои мазҳабӣ гардида, ҳар рӯз тифли бегуноҳу модарони зор қурбон мешаванд.

Вазъияти пешомада дар Белорусия низ бозгӯ мекунад, ки хориҷиён лоиҳаи барҳамзании низоми сиёсии ин кашварро тарроҳӣ намуда, мехоҳанд таҷрибаи Украинаро дар Белорусия низ роҳандозӣ кунанд. Вале ҳам сарони мухолифин ва ҳам роҳбарони ин кишварро месазад, ки бо ҳар василае фитнаи аҷнабиёнро бишкананд ва кишвари азизу муқаддаси худро аз вартаи носуботӣ бадар оранд, вагарна боз як кишвари осуда аз қартаи сиёсии ҷаҳон маҳв ва инсоният боз шоҳиди фоҷеаи қатлу куштору таарруз мегардад.


М. Раҷабзода

хабарнигор


Комментарии для сайта Cackle