Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Номат ҷовидонист, шоири азизи миллат!


18.08.2020 06:47

: 416

“...Бақои ту бувад бақои хонадони мо,

Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост,

Зинда бош эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!”

Фавти шоири ширинкалом ва суханчини рамзи миллати мо Устод Гулназар ҳамватанони бурунмарзиро сахт андӯҳгин намуд.

Устод Гулназар яке аз тавонотарин шоири даврони Истиқлолият буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон савганди садоқатро бо сухани Гулназар оғоз мекунанд. Тоҷикон ва форсизабонони дунё дарси бедории миллиро аз ашъори Гулназар меомӯзанд.

Замоне, дар авҷи хунрезиҳои Афғонистон, Гулназар ба мардуми афғон тасаллиомез хитоб карда буд:

"Модарон дар ёди фарзандони гумноми худанд,

Дар Самангон Тахти Рустам интизори Рустам аст".

Ин байти Қаҳрамони Афғонистон, лашкаркаши маъруф Аҳмадшоҳи Масъуд буд.

Тасаввур мекунем, ки ҳатто талу пуштаҳои Дар-Дари водии Зарафшон ҳам ҷомаи андуҳ ба бар кардаанд. 37 рӯз кам 75 соли умраш, минҷумла 60 соли суханварию эҷодкории ӯ ватандорию садоқат ба миллатро тараннум мекард. Маҷмӯаҳои шеърҳои ӯ “Расми сарбозӣ” (соли 1969 ), “Дастархон”, “Нардбон”, “Ағба”, “Паҳно”, “Лангар”, “Пайи дарё”, “Чашми нигин”, “Табхола” мо наслҳои солҳои ҳаштодумро ба меҳанпарастӣ ҳидоят мекарданд.

Аввали имсол дар сафари Душанбе бо Устод мулоқот доштем. Яке аз камтарин зиёиёни кишвар буданд, ки ба муҳоҷири меҳнатӣ чун сарбозони ҷасури иқтисод назар мекарданд:

“Инсон як бор ҳиҷрат мекунад. Он ҳам сӯи дунёи фано. Муҳоҷирати имрӯзаи рӯизаминӣ ин меҳнату мубориза аст”, - мегуфтанд Устод.

Дар пайёми тасаллият аз номи тамоми муҳоҷирони эҷодкори Русия ба аҳли хонадон ва мухлисони Устод Гулназар арзи андуҳ намуда, бо дӯстону наздиконаш сабри ҷамил мехоҳем.


Фарҳоди Мирҷамол

хабарнигори

“ИмрӯзNews” дар Москва


Комментарии для сайта Cackle