“Амрикоиҳо ба ҷанг не гуфтанд”. Шикасти ҳизби Трамп дар интихоботи миёндавраӣ

Shared to Facebook

Дар интихоботи миёндавраии Амрико демократҳо пирӯз шуда, тибқи натиҷаҳои пешакӣ, назорати ҳарду палатаи Конгрессро аз ҷумҳурихоҳон мегиранд. Дар пайи ин шикаст президенти Амрико Доналд Трамп эътироф кард, ки ҷанг бо Эрон ба раванди интихобот таъсир расонд, аммо афзуд, аз оғози ин ҷанг пушаймон нест.

Интихоботи миёндавраии ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд. Демократҳо дар интихоботи Сенат ва Маҷлиси намояндагон пирӯз шуда, назорати ҳар ду палатаро аз ҷумҳурихоҳон гирифтанд. Тибқи гузориши Reuters, натиҷаҳо дар як қатор иёлатҳои суннатан ҷумҳурихоҳ, ки Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2024 бо бартарии назаррас дар онҳо ғолиб омада буд, барои демократҳо пешрафти ғайричашмдошт оварданд.

Аз ҷумла, дар Техас Ҷеймс Таларико номзади ҷумҳурихоҳон Кен Пакстонро мағлуб кард. Ин пирӯзӣ аввалин ғалабаи номзади демократҳо дар интихоботи Сенати Техас аз соли 1993 ба ин сӯ арзёбӣ мешавад. Дар Канзас низ демократ Одам Ҳэмилтон сенатори амалкунанда Роҷер Маршаллро шикаст дод. Ҳамчунин, дар Каролинаи Ҷанубӣ Энни Эндрюс бар номзади ҷумҳурихоҳон Дарлин Грэм пирӯз шуд. Ин натиҷаҳо барои иёлатҳое ғайриоддӣ буданд, ки муддати тӯлонӣ аз пойгоҳҳои асосии ҷумҳурихоҳон ба шумор мерафтанд.

Дар Мичиган номзади демократҳо Абдул Сайид низ бар Майк Роҷерс ғолиб омад. Расонаҳои амрикоӣ пирӯзии ӯро таърихӣ номиданд: баъди тасдиқи ниҳоии натиҷаҳо ва оғози ваколаташ, ӯ нахустин мусалмоне хоҳад шуд, ки ба Сенати ИМА интихоб шудааст. Маъракаи ӯ аз ҷумла ба масъалаҳои иқтисод, тандурустӣ ва нақши маблағҳои калон дар интихобот такя мекард.

Трамп рӯзи 4 ноябр гуфт, ки ҷанг бо Эрон ба интихобот таъсир гузошт. Аммо ӯ аз тасмими ҳамла пуштибонӣ карда, изҳор дошт, ки агар боз бо чунин вазъ рӯ ба рӯ шавад, ҳамон қарорро қабул мекард. Ба гузориши Reuters, ҷанг ва болоравии нархи сӯзишворӣ аз омилҳое буданд, ки норозигии интихобкунандагонро зиёд карда, ба пуштибонии ҷумҳурихоҳон зарба заданд. Трамп ҳамзамон гуфт, ки сабаби асосии нигаронии мардум болоравии нархҳо буд ва нияти тағйири ҳайати ҳукуматро надорад.

Ноиби президент Ҷей Ди Венс бошад, ҷангро яке аз сабабҳои шикасти ҷумҳурихоҳон номид ва дар бораи арзиши он барои ИМА суол гузошт. Ин изҳорот нишон дод, ки пас аз интихобот дар дохили ҳизби ҷумҳурихоҳ баҳс дар бораи сиёсати Трамп ва самти минбаъдаи он метавонад шиддат гирад.

Пирӯзии демократҳо ба онҳо имкони васеътар медиҳад, ки фаъолияти ҳукумати Трампро таҳқиқ ва назорат кунанд ва дар баррасии қонунҳо ва маблағгузории барномаҳои давлатӣ таъсир гузоранд. Бо вуҷуди ин, коршиносоне, ки Reuters бо онҳо суҳбат кардааст, таъкид мекунанд, ки Конгресс наметавонад ба осонӣ ваколатҳои президентро дар сиёсати хориҷӣ ва истифодаи нерӯи ҳарбӣ маҳдуд кунад.

Дар Эрон натиҷаҳои интихоботро ҳамчун нишонаи мухолифати амрикоиҳо ба ҷанг шарҳ доданд. Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф дар шабакаи X навишт, ки амрикоиҳо “ба ҷанг не гуфтанд”. Ҳамзамон, ӯ ҳушдор дод, ки Вашингтон набояд ин паёмро нодида гирифта, ҳамлаҳоро идома диҳад.