Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот кардааст. Ин мулоқот имрӯз, 4 ноябр, дар доираи сафари расмӣ ба Узбекистон баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Дар мулоқоти хоссаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Узбекистон ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкории байнипарламентӣ, инчунин рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ кардаанд.
Гуфта шудааст, муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки бар пояи робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии чандинҳазорсолаи ду халқи бародар асос ёфтаанд, солҳои охир ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоди мутақобил, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигарӣ пайваста рушд меёбанд.
Таъкид шудааст, ки муколамаи созанда ва муносибатҳои самимиву эътимодбахши президентҳои ҳарду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар таъмини рушди устувори ҳамкории дуҷониба нақши муҳим доранд.
Дар ҷараёни мулоқот ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Ҳамзамон ҷонибҳо фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Олий Мажлисро муҳим арзёбӣ намуда, зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориро дар ин самт таъкид кардаанд.
Дар бахши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тамоюли мусбати афзоиши гардиши мол байни ду давлат бо қаноатмандӣ иброз гардидааст.
Ҷонибҳо муҳимияти андешидани тадбирҳои мушаххасро барои расидан ба ҳадафи стратегии аз ҷониби сарони ду давлат гузошташуда – то ба 2 миллиард доллар расонидани ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат таъкид намудаfнд.
Дар ин замина, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва инфрасохторӣ, инчунин рушди савдои наздисарҳадӣ ва робитаҳои соҳибкорони ду кишвар баррасӣ гардидаанд. Ҳамзамон ба дурнамои рушди ҳамкории истеҳсолӣ ва густариши робитаҳо дар бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо иқтидори васеи ҳамкории фарҳангию гуманитариро низ таъкид намудаанд. Зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, сайёҳӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, инчунин таҳкими робитаҳои гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар таъкид гардид.
Дар баробари ин, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, ҷонибдории худро аз таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ иброз доштаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои музокирот Рустами Эмомалӣ ва Танзила Нарбаева ба Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2027-2028 имзо гузоштаанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пас аз боздид аз толорҳои Сенат дар Китоби меҳмонони ифтихории Сенати Олий Мажлиси Узбекистон таманниёти неки худро дарҷ намудааст.










