Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ҳамчунин бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро, ки барои 1048 хонанда пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо, риояи меъёрҳои муосир ва истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ моҳи сентябри соли 2024 оғоз гардида буд.
Муассиса аз 20 синфхонаи таълимӣ, 10 утоқи корӣ, китобхонаи электронӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо дарназардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 40 омӯзгор, ки 95 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, ба фаъолияти касбӣ машғул мебошанд.
Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва толори маҷлис бо 170 курсӣ мебошад.
Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни солимгардонӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат ба масъулин ва омӯзгорон дастур доданд, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талоши бештар намоянд.




