Муаррифии таҷрибаи Тоҷикистон дар Форуми “Ояндаи маблағгузории хурд дар Осиёи Марказӣ”

Shared to Facebook

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Форуми Осиёи Марказӣ оид ба маблағгузории хурд таҳти унвони “Ояндаи маблағгузории хурд дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони бахшҳои молиявӣ ва маблағгузории хурд, мақомоти танзимкунанда, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Ба иттилоъи Анҷумани ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон, кишвари моро дар ин Форум ҳайати васеи намояндагони ташкилотҳои молиявӣ ва маблағгузории хурд намояндагӣ кард, аз ҷумла, ҶСК “Спитамен Банк”, ҶСК “Ҳумо Банк”,ҶСК “Бонки Имон Интернешнл”, ҶСК “Бонки Арванд”, ТДМ “ФИНКА”, ТДМ “Матин”, ТДМ “Фурӯз”, ТДМ “Оксус”, ТМХ “Меҳнатобод”, ТДМ “Фонди бозтамвил”, ТДМ “Имон”, ТДМ “Рушди водии Зарафшон”, ТДМ “Имконият” ва ТДМ “Сарвати Вахш”.

Шуҳрат Ҷабборов, сардори Раёсати назорати бонкии ташкилотҳои маблағгузории хурди Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Форум оид ба мавқеъ ва таҷрибаи Тоҷикистон дар самти рушди бахши маблағгузории хурд ва танзими фаъолияти он муфассал маълумот додааст.

Дар Форум тамоюлҳои муосир ва дурнамои рушди маблағгузории хурд дар Осиёи Марказӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба маблағгузорӣ, роҳҳалҳои инноватсионӣ ва рушди минбаъдаи фарогирии молиявӣ баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон иштирок дар чунин чорабинии минтақаӣ имкони муҳим барои мубодилаи таҷрибаи амалӣ бо ҳамтоён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди бозори маблағгузории хурд, ба роҳ мондани робитаҳои нави касбӣ ва муайян намудани самтҳои ояндадори ҳамкории минтақаӣ гардид.

Ба гуфтаи масъулин, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои минтақавӣ ба таҳкими муколамаи касбӣ, табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ байни ташкилотҳои молиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.