Қарзи давлатии Ӯзбекистон аз $48 миллиард гузашт

Shared to Facebook

Бо ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2026 ҳаҷми қарзи давлатии Ӯзбекистон ба $48,3 миллиард расидааст. Дар ин бора Uznews бо истинод ба маълумоти Вазорати иқтисод ва молияи кишвар хабар медиҳад.

Аз ин маблағ $40,7 миллиард қарзи хориҷӣ ва $7,6 миллиард қарзи дохилӣ мебошад. Ба иттилоъи расмӣ, қарзи давлатӣ ба 27 фоизи ММД-и Ӯзбекистон баробар аст.

Тақрибан нисфи қарзи хориҷӣ – $20,5 миллиард барои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ истифода шудааст.

Қарздиҳандагони асосии Ӯзбекистон ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошанд, ки аз онҳо кишвар дар маҷмӯъ $22,5 миллиард қарздор аст. Қарзи Ӯзбекистон аз Бонки ҷаҳонӣ $9,1 миллиард ва аз Бонки осиёии рушд $8,2 миллиардро ташкил медиҳад.

Қисми дигари қарз ба соҳаҳои гуногун равона шудааст: $5,5 миллиард ба бахши сӯзишвориву энергетика, $3,7 миллиард ба тандурустӣ, маориф ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, $3,4 миллиард ба хоҷагии манзилию коммуналӣ ва $3,3 миллиард ба кишоварзӣ ва хоҷагии об.

Ҳамчунин, $3 миллиард барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беш аз $1,2 миллиард барои дастгирии соҳибкорӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва саноати кимиё ҷудо шудааст.

Дар аввали соли 2026 қарзи хориҷии давлатии Ӯзбекистон $40,5 миллиард буд.

Бо вуҷуди афзоиши қарз, Хазинаи байналмилалии асъор ва агентиҳои байналмилалии рейтингӣ сатҳи қарзи хориҷии Ӯзбекистонро ҳанӯз муътадил арзёбӣ мекунанд.