Нотаи эътирозии Тоҷикистон ба Афғонистон пас аз нақзи ҳарими ҳавоӣ ва кушта шудани як шаҳрванди осоишта

Shared to Facebook

Тоҷикистон дар пайи нақзи ҳарими ҳавоӣ, осеб дидани манзилҳои сокинон ва кушта шудани як шаҳрвандаш дар ноҳияи Дарвоз, ба ҷониби Афғонистон ёддошт ё нотаи эътирозӣ фиристодааст. Дар ин бора Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар додаанд.

Аз ин ниҳод гуфтаанд, ки муноқишаҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои охир дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон, бахусус дар вулусволиҳои ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон таҳдид ба амнияти минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва нақзи қонунҳои байналмилалиро ба бор овард:

“Дар ин робита, бинобар нақзи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, осеб дидани манзилҳои сокинон ва махсусан ҳалок гардидани як шаҳрванди осоишта дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон ёддошти эътирозӣ ироа гашт”, – гуфтаанд аз ВКХ Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки дар ёддошт дар баробари баёни эътирозӣ қатъӣ, Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон талаб кардааст, ки моҳияти масъаларо ҷиддӣ дарк карда, дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистонро риоя кунад ва барои пешгирии такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад.