
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳушдор додааст, ки ҷаҳон вориди марҳилаи нави гармои бесобиқа шуда ва пурзӯршавии падидаи иқлимии “Эл-Нинйо” метавонад дар моҳҳои наздик рекордҳои нави ҳароратиро сабт кунад. Дар ин робита ӯ аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки барои ҳифзи аҳолӣ чораҳои фаврӣ андешида, аз густариши истифодаи ангишт, нафт ва газ даст кашанд.
Гутерриш зимни суҳбат бо хабарнигорон дар қароргоҳи СММ гуфтааст, ҷаҳон якбора бо чандин бӯҳрони ба ҳам вобаста рӯбарӯ буда, дар айни замон тағйирёбии иқлим бо суръати бесобиқа шиддат мегирад.
_
“Ин танҳо оғози кор аст”
Дабири кулли СММ гуфтааст, ӯ ду моҳ пеш аз наздик шудани падидаи “Эл-Нинйо” ҳушдор дода буд ва имрӯз аллакай пайомадҳои он дар саросари ҷаҳон эҳсос мешаванд:
“Мо тобистони пур аз падидаҳои шадиди иқлимиро паси сар кардем: мавҷҳои рекордии гармо, сӯхторҳои харобиовари ҷангал дар Испания, Фаронса ва дигар кишварҳо, ки ҷони ҳазорон нафарро гирифтанд. Илова бар ин, дар моҳҳои июн ва июл ҳарорати сатҳи уқёнусҳои ҷаҳон низ ба баландтарин сатҳи таърихӣ расид”, — гуфтааст Гутерриш.
Ба таъкиди ӯ, маълумоти нави илмӣ нишон медиҳад, ки ин ҳодисаҳо танҳо муқаддимаи он чизе ҳастанд, ки ҷаҳонро интизор аст.
_
Пешгӯии нигаронкунанда барои моҳҳои наздик
Тибқи пешгӯии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO), падидаи “Эл-Нинйо” аз моҳи август то октябри соли 2026 боз ҳам шиддат гирифта, ҳарорати ҳаво дар аксари минтақаҳои кураи Замин аз меъёр баландтар хоҳад буд.
Ба гуфтаи олимон, ҳарорати сатҳи Уқёнуси Ором, ки ба рушди “Эл-Нинйо” таъсир мерасонад, дар чунин марҳилаи барвақтӣ ҳеҷ гоҳ то ин дараҷа баланд набудааст ва ҳамоно боло меравад.
_
Хушксолӣ, гармои шадид ва фишор ба ҷомеа
Ба гуфтаи Гутерриш, “Эл-Нинйо” на танҳо ҳарорат, балки низоми боришотро низ тағйир медиҳад. Барои мисол, мавсими муссон дар Ҳиндустон аллакай аз сатҳи муқаррарӣ заифтар буда, пешгӯиҳо аз бадтар шудани вазъ дар минтақа ҳушдор медиҳанд.
“Ҳукм равшан аст: бӯҳрони иқлимӣ бо суръати зиёд шиддат мегирад”, — гуфтааст ӯ.
Дабири кулли СММ таъкид кардааст, ки гармои шадид солҳои зиёд ҳамчун “қотили хомӯш” маъруф аст, аммо ҳатто ин таъбир ҳам тамоми пайомадҳои онро инъикос намекунад, зеро бисёре аз фавтҳое, ки аз таъсири ҳарорати баланд рух медиҳанд, расман сабт намешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, пушти омор фоҷиаҳои воқеии инсонӣ меистанд: оилаҳое, ки дар шароити ноамн зиндагӣ мекунанд, одамоне, ки миёни саломатӣ ва даромад интихоб мекунанд, кӯдаконе, ки аз таҳсил маҳрум мешаванд. Ҳамзамон беморхонаҳо, шабакаҳои барқ ва низоми нақлиёт зери фишори зиёд қарор мегиранд. Аз ҳама бештар бошад, кишварҳо ва ҷомеаҳое осеб мебинанд, ки дар тағйирёбии иқлим саҳми камтар доранд.
__
Чор самти асосии мубориза
Вобаста ба ин Гутерриш аз ҳукуматҳо даъват кардааст, ки таваҷҷуҳи худро ба чор самти асосӣ равона созанд:
• ҳифзи аҳолӣ тавассути нақшаҳои амал ва низомҳои огоҳсозии барвақт;
• таъмини шароити бехатари меҳнат дар гармои шадид;
• мутобиқ сохтани шаҳрҳо ва зерсохторҳо ба тағйирёбии иқлим;
• аз байн бурдани сабаби асосии бӯҳрони иқлимӣ — вобастагӣ аз сӯзишвории истихроҷшаванда.
_
“Ҳар як кони нави нафт ё газ хатари гарморо бештар мекунад”
Дабири кулли СММ гуфтааст, ҷаҳон то ҳол ба сабаби асосии гармошавии иқлим таваҷҷуҳи кофӣ намедиҳад:
“Ҳар як тарҳи нави истихроҷи ангишт, нафт ё газ мавҷҳои ояндаи гарморо боз ҳам хатарноктар мекунад”, — ҳушдор додааст ӯ.
Ба гуфтаи Гутерриш, бархе давлатҳо то ҳол ният доранд то соли 2030 ҳаҷми истихроҷи сӯзишвории истихроҷшавандаро бештар аз ду баробар зиёд кунанд, дар ҳоле ки чунин иқдом бо ҳадафи маҳдуд нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ дар сатҳи 1,5 дараҷа мувофиқат намекунад:
“Гармои шадид дигар хатари оянда нест. Он аллакай оғоз шудааст ва рӯз ба рӯз хатарноктар мешавад. Агар имрӯз барои ҳифзи одамон ва рафъи сабабҳои бӯҳрон чора наандешем, пайомадҳо танҳо вазнинтар хоҳанд шуд”, — изҳор доштааст Дабири кулли СММ.
_
“Эл-Нинйо” чӣ пайомад дорад?
Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ пешбинӣ мекунад, ки дар давраи август-октябри соли 2026 “Эл-Нинйо” ба марҳилаи хеле пуршиддат мерасад. Дар натиҷа хатари хушксолӣ, обхезиҳо, сӯхторҳои ҷангал ва дигар офатҳои табиӣ дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон афзоиш меёбад.
Роҳбари WMO Селеста Сауло гуфтааст, пешгӯиҳо худ ба худ офатҳоро пешгирӣ намекунанд, аммо ба ҳукуматҳо ва ҷомеа имкон медиҳанд, ки пеш аз фаро расидани оқибатҳои сангин чораҳои заруриро андешанд.
Тибқи пешгӯиҳои созмон, аз моҳи август то октябр ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди Африқо, ҷануби Аврупо, нимҷазираи Араб, Ҳиндустон, Осиёи Шарқӣ, Амрикои Марказӣ, ҳавзаи Кариб, қисми зиёди Амрикои Ҷанубӣ ва Зеландияи Нав аз меъёри иқлимӣ баландтар хоҳад буд.
Ҳамзамон, дар қисматҳое аз Осиёи Марказӣ, Африқои Шарқӣ, ҷануби Аврупо ва ғарби Амрикои Шимолӣ боришот аз меъёр бештар, вале дар Ҳиндустон, ҷанубу шарқи Австралия, баъзе минтақаҳои Амрикои Марказӣ ва Аврупои Шимолӣ хушксолӣ эҳтимоли бештар хоҳад дошт.




