Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21 июл, дар шаҳри Улан-Батор бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот карданд. Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
“Мо ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд бо Муғулистони дӯст таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, — изҳор доштаанд Президенти Тоҷикистон.
Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд.
Аҳамияти махсуси фаъолияти муназзами Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳо таъкид шудааст.
Ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахусус бахши чорводорӣ, саноати кӯҳӣ ва геология таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи соҳаи кишоварзӣ ба Муғулистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти чорводорӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтааст.
Нақши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳим дониста шудааст. Дар ин зимн пешниҳод гардидааст, ки Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Муғулистон таъсис дода шавад.
Алоқамандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сайёҳӣ низ таъкид гардидааст.





