Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Shared to Facebook

Мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи 4 сентябри соли равон дар Тошканд бозии рафиқона анҷом медиҳанд.

Дар бора дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод:

“Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон доир ба баргузории бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд”, — гуфта шудааст дар хабари манбаъ.

Ба маълумоти манбаъ, қаблан бозӣ миёни мунтахабҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон санаи 31 март ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабаби пандемияи COVID-19 доир нагашт.

Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қаблан 8 маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон як ғалаба дорад, дар се дидор ғолиб муайян нашудааст, чор бозӣ ба фоидаи мунтахаби Ӯзбекистон анҷом ёфтааст.
Охирон маротиба мунтахабҳои миллии ду кишвар 15 ноябри соли 2011 дар Тошканд бозӣ карда буданд.