18 майи соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки вазирони корҳои дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии дуюми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Чорабиниро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, таҳияи тадбирҳои муштаракро дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ташкили чорабинӣ изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, терроризм, экстремизм ва сепаратизм барои минтақа аҳамияти махсус дорад.
Зимни суханронӣ инчунин масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, паҳншавии он тавассути интернет ва мессенҷерҳо, киберҷинояткорӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои технологӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, зарурати густариши ҳамкорӣ дар самти тайёрӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид гардид.
Дар анҷом ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавофуқоти ҳосилшуда ба таҳкими амният ва суботи минтақа мусоидат хоҳад намуд.
➡️Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон






