Бино ба пешбинии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, моҳи август ҳарорати ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд дар назар аст.
Тибқи маълумоти Агентӣ, дар ин давра ҳарорати миёнаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ 1 дараҷа баланд аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 25+29 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 21+24 дараҷа гарм мешавад:
“Давоми моҳ ҳарорати ҳаво шабона 16+21 ва дар рӯзҳои алоҳида то +25 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат тағйир ёфта, аз 32+37 то 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 41+43 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст”, — пешбинӣ кардааст Агентӣ.