Изҳори ҳамдардӣ дар робита ба паёмадҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар талафоти ҷонӣ ва хисороти расида бар асари обхезӣ ва селҳои харобиовар дар шаҳри Кӯлоб, ҳамдардии амиқи худро изҳор менамояд.
Мо дар ин лаҳзаҳои сангин ба андӯҳи хешовандон ва наздикони фавтидагон шарик ҳастем, ба осебдидагон шифои комил ва ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз паёмадҳои ин офати табиӣ зарар дидаанд, сабру таҳаммул ва барқароршавии ҳарчи зудтарро хоҳонем.
Итминон дорем, ки тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар рафъ намудани паёмадҳои ин ҳолати фавқулода ва расонидани кӯмаки зарурӣ ба осебдидагон мусоидат хоҳанд намуд.




