28 апрели соли 2026 дар толори бошукӯҳи Қасри ҷумҳурӣ дар шаҳри Минск маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, хабар додаастВКХ-иҶумҳурииТоҷикистон.
Сараввал, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Марат Марков ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аҳли толорро ба муносибати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус табрик намуда, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳамкорӣ ва густариши онҳо ибрози андеша намуданд.
Дар барномаи фарҳангӣ рақсҳои ансамбли “Гулрез”, сурудҳои овозхонҳои машҳури Тоҷикистон, инчунин иҷрои Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуданд.
Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ Сафорат ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардида, дар он намоиши анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла суннатҳои Наврӯз “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин”, гӯшаи китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сӯзанӣ, маводи аксӣ ва дастархони миллӣ муаррифӣ гардид.
Дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангӣ намоиши расмҳо таҳти унвони “Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда” дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Беларус ва Рӯзҳои кинои тоҷик дар синамои “Победа” баргузор гардиданд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Витебск ва Молодечно идома меёбанд.
➡️Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон







