Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сейшел

Shared to Facebook Shared to Max

27 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳо (диаспораи)-и Ҷумҳурии Сейшел Барри Фор, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, доир шуд, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, сайёҳӣ ва обу иқлим баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон