Вазифаҳои аввалиндараҷаи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар соли 2021, ки ба 20-умин солгарди таъсиси ин созмон ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост меояд, масоили роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, тақвияти симо ва устувории мавқеи байналмилалии СҲШ, инчунин такмили заминаи ҳуқуқӣ хоҳад буд.
Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳайси раиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ зимни бармадаш дар рафти вохӯрӣ бо Президенти Русия Владимир Путин изҳор доштааст.
Ин вохӯрӣ рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Маскав дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ баргузор шуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кардааст, ки сарфи назар аз паҳншавии ҷаҳонии сирояти нави коронавирус, Русия дар давраи раёсаташ дар СҲШ ҳамкориҳои босамарро дар доираи Созмон таъмин намуд ва он ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалии иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Бишкек дар соли 2019 гузошта шуда буданд, имкон фароҳам овард:
“Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тазаккур дод, ки дидгоҳ, ҳадафҳо ва вазифаҳои раёсати Тоҷикистонро муфассал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ рӯнамоӣ хоҳанд кард”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Тавре қаблан хабар додем, рӯзҳои 9-10 сентябр дар Маскав ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор шуд.
“Вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи гуногунҷанба дар доираи СҲШ дар шароити пандемияи идомаёбандаи коронавирусро баррасӣ карданд. Мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақаӣ, инчунин оид ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амният дар фазои СҲШ сурат гирифт”, — хабар дод котиботи СҲШ.
Зимни баромади худ Сироҷиддин Муҳриддин қайд кардааст, ки пандемияи сирояти нави коронавирус дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти ҷиддӣ гузошт, ки ҳалли онҳо кӯшишҳои ҳамоҳангшуда ва сафарбар намудани захираҳои мавҷударо талаб мекунад. Дар ин замина, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ташаббуси таҳия ва дар ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои узви СҲШ қабул намудани нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки амалӣ барои солҳои 2021-2022 ҷиҳати рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва озуқавории пандемияи сирояти нави коронавирусро ба миён гузоштааст.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кардааст, ки масоили марбут ба мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ дар афзалиятҳои рӯзномаи СҲШ боқӣ мемонанд. Қайд карда шудааст, ки ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли оптималии муқовимат бо ин таҳдидҳо ба таври комил талошҳои муштарак ва дастаҷамъонаи кишварҳои узви СҲШ-ро тақозо мекунад.
Вазир ҳамчунин оид ба конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилона ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо баргузор кард ва онҳоро СММ “Раванди Душанбе” номид, маълумот додааст.
Вай дар суханронияш ба зарурати андешидани чораҳои муассир барои дастгирии кишварҳое, ки дар сафи пеши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доранд, таъкид кардааст. Вобаста ба ин, ба ташаббуси аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида оид ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе ба ҳайси як ниҳоди алоҳидаи доимии Созмон ишора шудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин даъват кардааст, ки ҳамкориҳо ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар доираи СҲШ фаъолтар карда шуда, ҳамзамон истифодаи имконоти транзитии кишварҳои узв тавассути ташкили долонҳои нави нақлиётӣ зарур аст:
“Вазир қайд кард, ки Тоҷикистон барои раёсат дар СҲШ ҳамаҷониба омодагӣ мебинад ва нақша дорад, як қатор ташаббусҳоеро ба миён гузорад, ки ба таҳкими ҳамкориҳо дар доираи Созмон равона карда шудаанд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин иброз доштааст, ки Тоҷикистон ба ҳадафҳо ва вазифаҳои СҲШ содиқ буда, нақша дорад, ки минбаъд низ дар татбиқи қарорҳои қабулкардаи мақомоти оинномавии Созмон ва созишномаҳои дар сатҳҳои мухталиф бадастомада тадбирҳои заруриро андешад.
Зимнан, ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони СҲШ соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.