22 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот, бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафтанд.
Сафари корӣ аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфта, Сарвари давлат нахуст бо ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов” ва “Ҳомид” шинос шуданд ва аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Қандов” парвариши пахта буда, аз 13 гектар замин аҳли заҳмат дар 9 гектараш пунбадона кишт кардаанд. Бо истифода аз таҷрибаи хуби кишоварзӣ ва тухмиҳои серҳосил, айни ҳол пахта нашъунамои хуб дорад.
Зимни боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Ҳомид” иттилоъ дода шуд, ки кишоварзон имсол дар кишти асосӣ пахта, пиёз, гандум ва бодиринг корида, дар кишти такрорӣ низ ҳар порча заминро самаранок истифода бурдаанд. Аз ҷумла, дар масоҳати 1,8 гектар ҷуворимаккаи дон корида, ҳамчунин парвариши картошкаву мош ва караму турбро бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ роҳандозӣ намуданд.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯёнидини ҳосили дилхоҳ ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иброз доштанд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ дар вазъияти баамаломада омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президент аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳритус дидан карданд.
Сарвари давлат зимни суҳбат бо иштирокчиёни намоиш, иброз доштанд, ки вазъи кунунии ҷаҳон талаб менамояд, ки барои таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти худӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад. Дар ин замина, ба деҳқонон маслиҳат доданд, ки боду ҳавои мувофиқ ва ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, ҳосили хуб ба даст биёранд. Ҳамчунин захирасозии маҳсулоти кишоварзиро равнақ дода, марҳила ба марҳила коркарди онро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монанд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус рӯзи гузашта Президент майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо варзишгарони ноҳия суҳбат намуданд.
Зимни боздид Роҳбари давлат иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ба ҷавонону наврасон маслиҳат доданд, ки имконоти мазкурро самаранок истифода баранд ва вақтҳои холигии худро бештар бо машқу тамрин сипарӣ намоянд, зеро варзиш омили муҳимтарини солимист.
Дар идома Сарвари давлат дар майдони Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳритус рамзҳои асосии давлатдорӣ — Парчам ва Нишони давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Баландии Парчам якҷо бо сутунпояаш 53 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 бар 7 метр мебошад.
Пояи Нишони давлатӣ бошад, 28 метрро ташкил менамояд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми нек арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Президент ҳамзамон ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшиданд.
Бинои мазкур дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ бунёд шудааст.
Сарвари давлат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани иншооти мазкурро ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президент бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Шаҳритус мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд. Ҳамзамон Пешвои миллат ба 78 ятим, писарону духтарон, ки зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳо иборат аз сару либосӣ мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол тақдим намуданд. Президент аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор дода, дар ҳамин ҷо бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон аз ҷониби Маркази таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна дар назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад. Маблағи умумии лоиҳа 46 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, аз ҳисоби сармояи давлатӣ татбиқ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят ва масъулони Вазорати маориф ва илми мамлакат дастур доданд, ки муассисаҳои таълимии навро дар асоси талаботи муосири илмомӯзӣ бунёд намоянд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Сарвари давлат ҳамчунин аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”, ки таъмиру азнавсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Дар маркази боғи мазкур муҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ — Тус, ки дар “Шоҳнома”-и шоири бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузошта шудааст. Пешвои миллат парда аз болои муҷассамаи паҳлавони бостонӣ бардошта, сокинони ноҳияро бо мавриди истифода қарор гирифтани он табрику муборакбод гуфтанд.
Баъд аз ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус ва шиносоӣ бо шароити он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
Гуфта шуд, дар ҳафт моҳи соли 2020 ба буҷети маҳаллӣ беш аз 18 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 94,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра нақшаи андозҳо аз даромад, боҷи давлатӣ, воситаҳои нақлиёт ва низоми махсуси андозбандӣ таъмин нагардидаанд. Ҳамзамон бо ин, дар ҳафт моҳи соли равон бақияи қарзи андозҳо 8,4 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 4,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба ин Президент мақомоти вилоят ва ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо Кумитаи андоз корро дар самти фаҳмондадиҳӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшида, барои пурра иҷро намудани нақшаи андозу пардохтҳо, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав ҷораҷӯӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди дар ноҳия сол ба сол рушд кардани соҳаи саноат нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноаткунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд. Бинобар ин, роҳбарони мақомоти вилоят ва ноҳия вазифадор карда шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолии хурду миёна ва воридоти технологияҳои муосир чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус супориш дода шуд, ки бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Рӯзи гузашта дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон Сарвари давлат ба маркази маъмурии вилоят — шаҳри Бохтар ташриф оварданд.
Дар доираи ин боздид Президент нахуст дар шаҳри Левакант ба Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, ду агрегати ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд. Аз ҷониби Пешвои миллат агрегатҳои рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами 6 бо тавоноии 49 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон таҷдиди агрегати рақами 3 оғоз гардидааст. Бояд гуфт, ки иқтидори лоиҳавии Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” 240 МВт-ро ташкил дода, он 5-умин нерӯгоҳи аз лиҳози иқтидор калон ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба инкишофи бахши гидроэнергетика таъкид доштанд, ки НБО Сарбанд иншооти муҳиму стратегии мамлакат маҳсуб меёбад ва зимнан тадбири навсозӣ дар дигар иншооти амалкунандаи гидроэнергетикӣ ҷиҳати расидан ба мустақилияти энергетикӣ ҷараёни тоза касб хоҳад кард.
Президент зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфтаи таҷдиду азнавсозӣ дар НБО “Сарбанд” баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор сохтанд, ки дар қисмҳои дигари ин иншооти муҳими стратегии мамлакат тадбирҳои навсозӣ сифатан хуб ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ сомон дода шавад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд, ки баландии сутунпояи он 41 метр, паҳноии матоъ 6 метр ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад.
Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар бинои тарабхонаи “Эҳсон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз тарафи соҳибкор Даврон Мирзозода сохта шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба 144 нафар ятим, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои моливу пулӣ, ки аз либосу пойафзоли зимистона иборат буд, тақдим намуданд. Сарвари давлат ятимонро ба 29-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик намуда, онҳоро ба омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар ҳидоят намуданд.
Рӯзи гузашта ҳамчунин бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ки бо тарҳи нави меъморӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ карда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити кору фаъолият ба иқдоми соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб баҳои арзанда дода, анҷоми чунин амали наҷиби созандагиро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат аз кормандон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бохтар Президент Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро ифтитоҳ карданд, ки дар заминаи Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” сохта шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаи таълимии тиббӣ оғоз бахшида, иқдоми мазкурро нек арзёбӣ карданд, зеро дар як бино ҷой гирифтани таълимгоҳ ва дармонгоҳ имкон фароҳам меорад, ки донишҷӯён донишҳои назариявии азхуднамудаашонро амалан таҷриба кунанд.
Зимни боздид аз синфхонаҳои фаннии муассиса Пешвои миллат донишӯёнро ба илмомӯзӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз шароиту имконоти хуби муҳайёгардида илмҳои муосирро аз худ намоянд.
Роҳбари давлат аснои шиносоӣ бо шароити кории табибон ва имконоти ташхисию табобатии муассиса, ба масъулин дастур доданд, ки баҳри солимии ҷомеа ва таъмини тандурустии сокинони маркази вилоят ба мардум хизмати софдилона намоянд.
Пешвои миллат ба сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда ва муҳайё гардидани шароити арзандаи таълимию табобатӣ дар муассисаи мазкур баҳои баланд дода, ба фаъолияти минбаъдаи омӯгорону табибон комёбӣ орзу намуданд.
Ҳамчунин Сарвари давлат ба кормандони ин муассисаи ташхисӣ-табобатӣ 3 адад автомашинаи нави ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа карда, табибонро барои ба аҳолӣ дар сатҳи баланд хизмат расонидан ҳидоят намуданд.
Дар идома дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода супорида шуд. Дар ҳамин ҷо дар доираи амалҳои неку шоиста ва хайрхоҳона Сарвари давлат ба ду оилаи ҷавон — Марҷона Вализода ва Эҳсон Хӯҷамардов, ки ҳарду ятим мебошанд, хонаҳои истиқоматии 3 ва 1 хуҷрагӣ туҳфа карданд.
Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Рӯзи гузашта Пеҳвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарон ва фаъолону сокинони шаҳри Бохтар мулоқоти судманд доир карданд.