ВМКБ меҳмононро аз Русия интизор аст: ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ

Shared to Facebook Shared to Max

6 апрел дар Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти корӣ бо раиси Ассотсиатсияи сайёҳии экологиию фарҳангии Помир Парвина Латифӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории муштаракро ҷиҳати ҷалби сайёҳони рус ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баланд бардоштани маъруфияти Помир ҳамчун самти нодири сайёҳӣ, инчунин ҷустуҷӯи шарикон миёни намояндагони соҳаи сайёҳии Россия баррасӣ намуданд.

Ассотсиатсияи сайёҳии экологиию фарҳангии Помир аз соли 2008 фаъолият дошта, намояндагони пешбари соҳаи сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро муттаҳид менамояд.

Ассотсиатсия ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои зерин манфиатдор аст:

— беҳтар намудани масирҳои сайёҳӣ, ҷойҳои иқомат ва низоми роҳнамоӣ дар ВМКБ;
— омӯзиши кадрҳо — омода намудани роҳбаладон ва мураббиёни касбӣ аз минтақаҳои дурдасти Помир;
— иттилоърасонӣ ба шаҳрвандони Русия дар бораи имкониятҳои сайёҳии фаъол, этнографӣ ва табиӣ дар ВМКБ.

Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории муназзам миёни Намояндагии тиҷоратии Русия ва Ассотсиатсияи Помир тақвият дода шавад.

Таваҷҷуҳи махсус ба корҳои иттилоотӣ ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии Бадахшони Кӯҳӣ миёни сокинони Федератсияи Русия равона карда мешавад.

Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон