7 апрел мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев баргузор гардид, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




