Сафари Рустами Эмомалӣ ба Россия – саҳифаи нави муносибатҳои дӯстона

Shared to Facebook

Санаи 24 ноябри 2020 нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия баргузор гашт.

Федератсияи Россия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд ва инчунин ин давлат шарики асосии тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурии мо аст. Ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва ҳарбӣ-техникӣ низ байни кишварҳои мо фаъолона ба роҳ монда шудааст.

Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар давоми сафари худ бо роҳбарияти олии Федератсияи Россия мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

24-25 ноябри 2020 Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмии худ ба Федератсияи Россия, бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, Муовини якуми Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков, Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Алексей Оверчук ва шаҳрдори Маскав Сергей Собянин мулоқот кард.

Дар доираи ин мулоқотҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россияро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муҳокима карданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни мулоқоти худ бо ҳайати расмии Россия таъкид намуд, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва бисёр соҳаҳои дигари ҳамкорӣ динамикаи мусбати ҳамкорӣ мавҷуд аст.

Дар умум муҳтарам Рустами Эмомалӣ идомаи ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро дар самтҳои зерин баррасӣ намуд:


Тақвият додани равобити байнипарламентӣ

Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Россия, ки ба худ хусусияти афзалияти стратегиро касб кардааст, таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ мебошад. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ин самти ҳамкории Тоҷикистон ва Россия таваҷҷуҳ ва дидгоҳи хоса дорад, зеро мутмаин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо як қатор чолишҳо ва таҳдидҳои нави умумӣ рӯбарӯ аст ва дар ин қарина ҳамкории парламентҳо махсусан муҳим мебошад. Дар ҳақиқат дар даврон пуртазоди ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки иқдомҳои муштараки парламентӣ дар самти таъмини амнияти байналмилалӣ сурат гирифта, ризоияти байни миллатҳо таҳким дода шавад. Тоҷикистон ва Федератсияи Россия шарикони табиии стратегӣ мебошанд ва муносибатҳои байни кишварҳо дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ хеле пурмаҳсул инкишоф ёфта истодаанд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот бо ҳамтои россиягии худ Валентина Матвиенко изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори идомаи ҳамкории мутақобилан судманди тарафайн аст, зеро ҳамкории байни парламентҳо ҷузъи хеле муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад. Дар фазои мураккаби ҷаҳонишавӣ нақши парламентҳо меафзояд ва аҳамияти махсус пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ҷонибдори инкишофи ҳамкории бисёрсатҳи парламентӣ бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия мебошанд.

Таваҷҷуҳи махсуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳамкории байналмилалии мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, эътирофи аҳамияти дипломатияи парламентӣ аст, ки дар нигоҳ доштани эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳо ва халқҳо, дар ҷустуҷӯи созиш, ҳалли мутавозини мушкилоти шадиди байналмилалӣ саҳми назаррас гузошта метавонад.

Ҳамкорӣ дар самти иқтисод ва тиҷорат

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи махсусро ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Тоҷикистон ва Россияро дар доираи шарикии стратегӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба мебошад, равона гардонид. Зикр гардид, ки дар тӯли ҳашт моҳи соли 2020 ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар 720 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҷаласа бо иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамчун механизми муҳими татбиқи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Имрӯзҳо 60 минтақаи Россия робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро бо Тоҷикистон фаъолона идома доранд. Имрӯз зиёда аз 70 созишнома ва меморандумҳо заминаи ҳуқуқии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Россияро таъмин мекунанд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ боварии комил доранд, ки ин ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, албатта, дар оянда низ идома хоҳад гардид ва тақвият хоҳад ёфт.

Дар робита ба саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамтоёни россиягии худ таъсиси корхонаҳои муштаракро, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мавриди баррасӣ қарор доданд

Ҳайати расмии Тоҷикистон хусусан таваҷҷуҳи ҷониби кишвари ба мо дустро ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати маъдан ва коркарди маъдан, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, кишоварзӣ, инчунин дар соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ ҷалб намуд.

Дар ин қарина Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуд, ки Шӯрои байнидавлатиро барои ҷалби мустақими сармояи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардад. Бешубҳа, ин иқдоми дурандешонаи сиёсатмадори тоҷик барои тақвият додани ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Россия саҳми худро хоҳад гузошт.

Вусъат бахшидан ба амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг

Тоҷикистон ба рушд, таҳким ва идомаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Россия манфиатдор аст. Кишварҳои моро муносибатҳои наздики иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва гуманитарӣ ба ҳам мепайвандад. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия, хусусан дар соҳаи гуманитарӣ барои ҳарду давлат аҳамияти стратегӣ дорад. Хусусан ҳамкории кишварҳо мо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг торафт фаъолтар гардида, мутақобилан судманд инкишоф меёбанд.

Дар ин қарина рӯйдодҳое, ки дар солҳои охир дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстонаи байни ду кишвар ба амал омаданад, барои Тоҷикистон муҳим мебошанд ва он барои муайян кардани дурнамои минбаъдаи рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия аҳамияти калон дорад. Ба ҳамин хотир таваҷҷуҳи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон хел бузург аст. Имрӯзҳо дар ин самт аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи зиёди ватанӣ ва хориҷӣ амалӣ шуда истодаанд, ки давоми фаъолияти сиесати маорифпарваронаи роҳбарияти Тоҷикистон мебошад. Ба ҳамин хотир, дар аввалин сафари расмии худ ба хориҷи кишвар, яъне ба Россия, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вусъат додани амалисози лоиҳаҳо дар соҳаи маориф, ки аз ҷониби Россия дар Тоҷикистон пиёда мегардад,таваҷҷуҳи зиёд намуд.

Ҳангоми баррасии ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Тоҷикистон ва Россия иҷрои созишномаҳоро оид ба сохтмон ва муҷаҳҳаз кардани мактабҳо бо таълим ба забони русӣ дар панҷ шаҳри бузурги Тоҷикистон, инчунин лоиҳаи муштараки башардӯстона оид ба кори омӯзгорони рус дар мактабҳои ҷумҳуриро идома медиҳанд. Вазорати маорифи Россия тасмим гирифтааст, ки бо иштироки як гуруҳи муштараки муаллифони Россияву Тоҷикистон маҷмӯаи таълимию методӣ барои таълими забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ бо дарназардошти хусусиятҳои кишвар барои паҳн кардани он дар ҷумҳурӣ бепул таҳия намояд.

Ҳар сол беш аз 50 муаллим аз Россия ба мактабҳои Тоҷикистон фиристода мешаванд. Ёдовар мешавем,ки дар солҳои хониши 2018/19 ва 2019/20, 48 нафар муаллимони рус аз фанҳои забон ва адабиёти рус, физика, математика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ дар зиёда аз 20 мактаби тоҷикии шаҳрҳои Бохтар, Бӯстон, Ҳисор, Душанбе, Хоруғ ва Данғара фаъолияти таълимӣ бурдаанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ инчунин андешаи худро дар бораи суръат бахшидани сохтмони 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаи тарафайн баён кард.

Бояд ба хотир овард, ки дар солҳои охир бо ибтикори муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ш.Душанбе сохтмони мактабҳои замонавӣ ба маротиб афзудааст, зеро Раиси шаҳр Душанбе мутмаин аст, ки сифати сармояи инсонӣ аз сифат ва шароити таълим вобастагии амиқ дорад. Ба ҳамин хотир, дар фаъолияти шабонарӯзии худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳам ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе ба таҳкими низоми маорифи кишвар ҳамчун ба самти стратегӣ амал ва муносибат мекунад.

Ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ

Имрӯз равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ташдиди муҳоҷирати байналмилалӣ замина фароҳам оварда, онро ба яке аз омилҳои асосии суботи миллӣ ва минтақавӣ мубаддал гардонид. Дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳоҷират ба як ҷузъи ҷудонашавандаи рушди инсон табдил меёбад. Ҷаҳонишавӣ сарҳадҳои байнидавлатиро мекушояд ва монеаҳои гуногунро бартараф мекунад ва бо ин ба ҳаракати озоди одамон, дониш, молҳо ва хидматҳо мусоидат мекунад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар фазои пасошӯравӣ як падидаи нави иҷтимоию иқтисодӣ мебошад ва ташаккули заминаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқии танзими он дар кишварҳои ИДМ бо тамоми хусусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, демографӣ ва фарҳангии ин ҷомеа ҳанӯз ба итмом нарасидааст. Дар ин росто, мавзуи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Россия ба худ аҳамияти хоса касб мекунад. Барои истифодаи самараноки иқтидори муҳоҷирати меҳнатии ба хориҷа механизмҳои танзим ва идоракунии ин раванд заруранд. Ин дар шароити ноустувории ҳозираи молиявию иқтисодӣ махсусан муҳим аст. Тоҷикистон, ба мисли ҷумҳуриҳои ҳамсоя, дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират дар доираи ИДМ ба ҳамкории хуб ҳамоҳангшуда ниёз дорад.

Ба ҳамин хотир, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо шахсони масъул дар Россия ба ҳал намудани масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти аввалиндараҷа доданд. Ҷонибҳо аҳамияти масъалаҳои бо муҳоҷирати меҳнатӣ иртибот доштаро дар шароити пандемия қайд карданд ва зарурати барқарор кардани парвозҳои мунтазам байни ду кишварро таъкид карданд.

Дар фарҷоми андешаҳои худ оид ба нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ҳаминро қайд намудан ҷоиз аст, ки он бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаи Тоҷикистону Россия саҳифаи навро боз кард. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун сиёсатмадори дурандеш масоили гуногуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуда, тавонист барои ҳал намудани онҳо мусоидат намояд. Ҳамчунин, бори дигар собит гардид, ки Россия барои Тоҷикистон шарики афзалиятдоштаи стратегӣ буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд.

Рустам Ҳайдаров

доктори илмҳои фалсафа,

муовини Директори Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон