“Сомон Эйр” парвозҳоро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт

Shared to Facebook Shared to Max

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълом кард, ки парвозҳояш дар масири Душанбе–Дубай–Душанберо то 6 марти соли ҷорӣ боздоштааст. Дафтари матбуоти ширкат ин маълумотро тасдиқ кард.

Ин ширкат дар иттилоияе гуфт, ки ин тасмимро ба дар пайи маҳдудияти ҷоришуда барои истифода аз ҳарими ҳавоӣ дар Ховари Миёна гирифтааст.

“Сомон Эйр” ба мусофироне, ки дар давраи зикршуда билет доранд, тавсия додааст, ки аз қабл вазъи парвозҳоро дар сомонаи расмии ин ширкат санҷанд ва барои дарёфти иттилои бештар тариқи рақамҳои зерин бо масъулини ширкат тамос гиранд:

+992 44 640 40 49,

+992 44 640 40 50,

WhatsApp: +992 93 777 74 59.

Қаблан, дар рӯзи якуми ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон як манбаъ аз бахши ҳавонавардии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар пайи бастани ҳарими ҳавоии Эрон, ҳамаи парвозҳо ба ин кишвар лағв шудаааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, як ҳавопаймо, ки аз Душанбе ба Дубай парвоз мекард, дар пайи ин ҳаводис ва маҳдуд шудани фазои ҳавоии Аморати Муттаҳидаи Араб аз марзи Туркманистон аз роҳ баргашт ва тавассути Покистон дубора ба Душанбе омад.