Ҳамлаи ҷавобии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ

Shared to Facebook Shared to Max

Бино ба хабарҳо, дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Халиҷи форс — Баҳрайну Амороти Муттаҳидаи Араб, Урдуну Арабистони Саудӣ, Кувайту Қатар ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.

Хабаргузории эронии “Форс” навишт, ки ҳамлаҳои мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии “Ал-Удайд” дар Қатар, пойгоҳи ҳавоии “Алӣ ас-Салим” дар Кувайт, пойгоҳи ҳавоии “Аз-Зафра” дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, қароргоҳи “Новгони Панҷум”-и Амрико дар Баҳрайн анҷом шуд.

Ба навиштаи “Ал-Ҷазира”, мақомоти Баҳрайн ҳадаф қарор гирифтани маркази фармондеҳии “Новгони панҷум”-и Амрико дар ин кишварро тасдиқ кардааст.

Пештар аз ин Эрон борҳо гуфта буд, ки “ҳамаи пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар минтақа” ҳадафи ҳамлаҳои ҷавобии Эрон хоҳанд буд. Имрӯз Вазорати дифои Эрон бори дигар ба ин нукта таъкид кард.