Паёми ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён

Shared to Facebook Shared to Max

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба кушта шудани раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ ба Президенти ин кишвар Масъуд Пизишкиён таслият баён кардаанд.

Дар ин бора шоми 1-уми март Сафорати Эрон дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодани номае ба Масъуд Пизишкиён гуфтаанд, хабари куштори Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулони ҳукумати Эронро бо андуҳи зиёд дарёфт карданд.

“Ин талафоти бузургро ба ҷаноби олӣ ва миллати шарифи Эрон таслият мегӯям”, — омадааст дар номаи ҳамдардии Президенти Тоҷикистон.

Сарвари давлат ба нақши Алии Хоманаӣ дар тавсеаи робитаҳои Тоҷикистону Эрон таъкид карда, гуфтаанд, “дар ин рӯзҳои ғамангез изҳори ҳамбастагии мардуми Тоҷикистонро ба кишвари дӯсту бародари Эрон иброз дошта, аз Худованди Муттаол барои ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар масири раҳмати Илоҳӣ қарор гирифтаанд, талаби мағфират ва барои пайвандони гиромияшон дар ин фоҷиаи ҳавлнок сабру шикебоӣ мехоҳам”.

Дар бораи кушта шудани раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманаӣ дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико субҳи 1 март Шӯрои олии амнияти миллии Эрон хабар дод.

Ба иттилоъи мақомоти Эрон, Алии Хоманаӣ субҳи 28-уми феврал дар маҳалли кораш ҳангоми иҷрои вазифа кушта шуд.