Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” рӯзи 26 феврал дар Лондон баргузор гардид. Дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кардааст.
Ба иттилоъи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишаст ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, доир ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, таҳкими робитаҳо дар соҳаи амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронияш гуфтааст, ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар солҳои охир дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм тамоюли мусбат касб намудааст. Таъкид гардидааст, ки баргузории нишасти мазкур бозгӯи иродаи қавии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими шарикии созанда бо Британия Кабир ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамзамон, аҳамияти талошҳо дар самти пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди ташаббусҳои обу иқлим ва муколамаи байнифарҳангӣ таъкид гардидаанд.





