Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 30 апрел бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман вобаста ба вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугуи телефонӣ анҷом додааст.
Зимни суҳбат Вазири корҳои хориҷӣ ба Намояндаи махсус оид ба вазъ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла тавофуқот оид ба эълони оташбас ва ҳусни нияти ҷонибҳо барои ҳаллуфасли ҳолати бавуҷудомада тариқи гуфтушунидҳо ва бо истифода аз василаҳои сиёсӣ-дипломатӣ маълумот додааст:
“Дар ин росто, бо ишора ба аҳаммияти суҳбати телефонии роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади давлатӣ, инчунин вохӯриҳои сарвазирон, тамосҳои телефонии вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони мақомоти амниятии ду кишвар, зарурати риояи реҷаи оташбас таъкид гардид. Вазири корҳои хориҷӣ ҳамзамон азми қавии Душанберо барои ҳалли батадриҷи ин масъала тариқи музокирот ва роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ иброз намуд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ аз тавофуқот дар мавриди оташбас ва имзои Протокол оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол намуда, дар ин росто аз саҳми босазои ҷониби мо дар ин раванд ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон ёдовар шудааст.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шудааст, ки Дабири кулли СММ вазъият ва ҳаводиси марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бодиққат пайгирӣ дорад ва аз эълони оташбас низ хушҳол аст. Зимнан, Н. Герман аз омодагии Дабири кулли СММ барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада хабар дод.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милалро дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ кардаанд.