Далер РАҚАМОВ: Аз гаражи хурд ба ҷаҳони бузург – фарҳанги нави хизматрасонӣ дар Тоҷикистон

Shared to Facebook Shared to Max

Шом аст. Дар рӯшноии лампаҳои сафед баданаи (кузов)-и сабукрави сиёҳ мисли оина медурахшад. Баъди шустушӯву тозакорӣ рӯйи бордон қатрае об намондаву ҳеч доғе ҳам ба чашм намехӯрад. Ҳар хатти болои он мисли хатти дастнавис равшан аст. Устое ба он бо оромӣ менигарад. Гоҳе атрофи мошин давр задаву хурдтарин ҷузъиётро аз назар мегузаронад. Ҳамин ҳоло аз нигоҳи ӯ дарк кардан душвор аст, ки ӯ оромона қаноатмандияшро нишон медиҳад, ё болои кадом тарҳе, навигарие ё навоварие меандешад. Ва ин Далер аст…, Далер Рақамов…

Ном ва кори Далер Рақамов барои аксар касоне, ки бо мошинҳои зебокардашуда ва ё тарҳу дизайнҳои замонавии онҳо таваҷҷуҳ доранд, ошност.

Имрӯз ӯро бештар бо бренди Ceramic Pro Tajikistan ва GENESIS Car Laboratory, бо стандартҳои нави детейлинг, бо системаи муҳофизатии Pandora ва бо мактаби устоёне, ки аз Душанбе то Маскаву Дубай паҳн шудаанд, мешиносанд.

Аммо роҳи ӯ аз як гараж ё устохонаи муҷаҳҳаз оғоз нашудааст. Он аз орзу ва ҷасорати бовар карда тавонистан – этимод ба худ шурӯъ гардид.

Ҳамин тавр, дар бозоре, ки солҳои тӯлонӣ бар асоси одат ва таҷрибаи суннатӣ рушд мекард, касе пайдо шуд, ки ба хизматрасонӣ чун ба фарҳанг ва зебоипарастӣ нигарист – на ҳамчун роҳи зуд ба даст овардани даромад, балки ҳамчун рисолат…

Ҳамон лаҳзае, ки болотар тасвираш кардем, замоне буд, ки бо мақсади суҳбат ва тамошои кори ӯ ба коргоҳаш рафтем. Бардошт ва ё хулоса аз он лаҳза ин буд, ки барои Далер ин танҳо мошин нест, ки атрофаш давр задаву хурдтарин ҷузъиёти онро наззора мекунад. Ин натиҷаи кори чандинсоата, заҳмат, дақиқкорӣ ва эҳтиром ба касб аст.

Маскав: нахустмактаби зиндагӣ

Солҳои 2005–2008. Маскав. Шаҳре, ки барои ҳазорон ҷавони пасошӯравӣ мактаби сахти зиндагӣ буд. Далер дар яке аз ширкатҳои бузурги мебелфурӯшӣ ҳамчун менеҷери фурӯш кор мекард. Ин кор на танҳо савдо, балки омӯзиши доимӣ, рақобати шадид ва масъулияти зиёд буд.

“Он ҷо ман фаҳмидам, ки фурӯш танҳо додугирифти молу пул нест. Ин равоншиносӣ аст. Ин эътимод аст. Ин қобилияти шунида тавонистани инсонҳо – муштариён аст”, – ба ёд меорад ӯ.

Роҳбарони ширкат барои омӯзиши кормандон маблағҳои калон сарф мекарданд. Курсҳои муоширати касбӣ, психологияи рафтори муштарӣ, техникаҳои бастани шартнома – ҳама чиз бо ҷиддият омӯхта мешуд.

Далер дар ҳамон ҷо дарк намуд ва барои ҳамешагӣ қабул кард, ки тиҷорат ва ё корофаринӣ пеш аз ҳама муносибат аст, муносибате, ки асли онро садоқат ташкил медиҳад.

Ва ҳамин дарс пояи тамоми фаъолияти баъдияш гардид.

Бозгашт ба Душанбе: қадами аввал

Соли 2008 Далер ба Ватан омад. Тоҷикистон он солҳо бозори ташаккулёбандаи хизматрасонӣ дошт, дар ҳама самтҳо навовариҳое мувофиқ ба ҳамон солҳо буданд, аммо бисёр соҳаҳо ҳанӯз бо усулҳои кӯҳна фаъолият мекарданд. Аз ҷумла, дар самти хизматрасонӣ ё нигоҳубини автомобил. Дар ин бахш мафҳуми “шустушӯи бетамоси нақлиёт” (“бесконтактная мойка”) амалан вуҷуд надошт.

Соли 2009 Далер аввалин мошиншӯии бетамосро дар Душанбе ба роҳ монд, ки бидуни расиши мустақим сурат мегирифт. Оби фишордор, кафки махсус, тозакунии автоматӣ – ин барои бисёриҳо намоиши технология буд.

“Одамон меомаданд, то бубинанд, ки чӣ гуна мумкин аст мошинро бе “шётка” тоза кард. Барои ман ин на намоиш, балки сохтани оянда буд”, – мегӯяд ӯ.

Баъди як сол дуюмин нуқтаи хизматрасонӣ, баъд сеюм. То соли 2013 шабака шакл гирифт, чандин ҷойи кор таъсис ёфт. Албатта, рақобат ҳам пайдо шуд: нусхабардорӣ, нархшиканӣ, кӯшиши “хизматрасонии арзонтар”. Аммо Далер роҳи дигарро интихоб кард – сифат.

Дар айни замон миқдори филиалҳо ё гардиши молӣ нишондиҳандаи асосӣ набуд:

“Муҳим нест чанд филиал ё чанд нуқтаи хизматрасонӣ дорӣ, муҳим он аст, ки чӣ гуна кор мекунӣ”, – мегӯяд ӯ.

 “Тобоварӣ дар рақобатро танҳо сифат таъмин мекунад”, – ин ҷумла барои ӯ ҳам шиор, ҳам фалсафа ва ҳам роҳнамои кору зиндагӣ буд.

Ҳамин аст, ки ӯ сифатро ҷузъи асосии виҷдон мешуморад.

Аз “мойка” то детейлинг: сатҳи нав

То соли 2013 бозори мошиншӯӣ ё бозор аз мошиншӯйҳо пур шуд. Барои бисёре аз соҳибкорон ин нуқтаи қаноат ва ҳатто нуқтаи “ист” буд: даромад ҳаст-ку, тамом.

Аммо барои Далер ин нуқтаи гузариш буд. Ӯ бо мақсади омӯзиш ба Маскав сафар кард, то хусусиятҳо ва нозукиҳои касбии рангубору ороишоти автомобилҳо, қоидаҳо ва ҳифзи лаку ранг ва пӯшишҳои керамикиро аз худ кунад. Аммо замони омӯзиш танҳо барои омӯзиш нагузашт. Гуфтугӯҳо, музокираҳо, ёфтани шарикон…

Ҳамин тавр, омӯзиш ба поён расиду Далер ба Душанбе баргашт. Ҳосили ин заҳамот таъсиси намояндагии расмии Ceramic Pro Tajikistan – бренди ҷаҳонии муҳофизати баданаи нақлиёт (кузов) буд.

Ин дигар танҳо мошиншӯӣ набуд. Ин нигоҳубини амиқ, ҳифзи дарозмуддат ва барқарорсозии зебоии автомобил буд. Мафҳуми “детейлинг”, ки барои бисёриҳо ноошно буд, тадриҷан ба як истилоҳи маъмул дар муҳити автомобилистони пойтахт табдил ёфт.

Баъдтар дар Бишкек, Дубай ва боз Маскав Далер курсҳои махсуси насби системаҳои телеметрии муҳофизатии Pandora-ро гузашт. Соли 2015 ӯ намояндаи расмии Pandora дар Тоҷикистон гардид.

“Ҳамаи ин омӯзиш, маблағгузорӣ ва таҷриба мехост, вале натиҷа олӣ буд: мо на танҳо хизмат мерасондем, балки ба навъе фарҳанги нигоҳубини мошинро месохтем”, – мегӯяд Далер.

Ҳамин тавр, дар бозоре, ки қаблан бештар ба шустушӯй ё тозакунии зоҳирӣ маҳдуд мешуд, мафҳумҳои нави “ҳифз”, “технология” ва “стандарти ҷаҳонӣ” ворид гардид.

“Ман бисёр сафар кардам – Дубай, Аврупо, Қазоқистон. Дар он ҷойҳо фаҳмидам, ки барои мардум мошин танҳо воситаи ҳаракат нест.

Ин услуб аст. Онҳо ба мошин мисли дӯсти наздиктарин ва хеле бо муҳаббат муносибат мекунанд. Ман мехоҳам ҳамин муносибат дар мо низ рушд кунад. Яъне, мо бояд дарк кунем, ки хизматрасонӣ ва сифат – ин фарҳанг аст. Вақте ба кори босифат, дақиқия ва касбият авлавият медиҳем, рушди касбиямон ҳам таъмин мешаваду даромади молиямон ҳам”.

Мактаби устоён: содироти дониш

Бо гузашти вақт Далер дарк кард, ки донишу таҷрибаашро бояд паҳн намояд. Ҳамин тавр, мактаби детейлинг ва автосервис таъсис ёфт. Дар ин ҷо ҷавонон на танҳо техникаи кор, балки фарҳанги муносибат бо муштарӣ, масъулият ва дақиқиро меомӯзанд.

“Мо танҳо кори дастиро намеомӯзем. Мо фарҳанги корро меомӯзонем. Усто бояд на танҳо моҳир, балки боинсоф бошад”, – таъкид мекунад ӯ.

Бисёре аз шогирдонаш ҳоло берун аз кишвар, аз ҷумла дар Маскав, Қазоқистон, Туркия ва кишварҳои Аврупо фаъолият доранд ва стандартҳои аз Душанбе оғозёфтаро дар бозорҳои дигар татбиқ мекунанд. Барои Далер ин на танҳо муваффақияти шахсӣ, балки ифтихори миллӣ аст.

Ӯ ба мутахассисон сармоягузорӣ кард, устоҳоро ба курсҳои такмили ихтисос ба кишварҳои дигар фиристод, стандартҳои дохилиро ҷорӣ намуд. Натиҷа деринтизор набуд: муштариён худ беҳтарин таблиғгари кори ӯ шуданд:

 “Дар таҷҳизот, мавод ва омӯзиши кормандон сарфа карданро хатои стратегӣ мешуморам. Бинобар ин, ҳеҷ гоҳ дар дастраснамоии маводу таҷҳизот ва омӯзиши кормандон сарфа накардем. Зеро медонистем: агар мехоҳӣ туро эҳтиром кунанд, беҳтар аз ҳама кор кун. Ҳар як шогирд, новобаста аз ин ки дар куҷо кор мекунад, давомдиҳандаи ҳамин роҳ аст”, – мегӯяд Далер.

Асри рақамӣ: меҳмоннавозӣ ва ҳузур дар интернет

Фаъолияти Далер танҳо ба автомобил маҳдуд намешавад. Ӯ дар роҳандозӣ ва рушди дигар тиҷоратҳо ҳам саҳм гузоштааст. Аз тарабхонаҳои миллӣ ва хориҷӣ то клубу караоке, – ин лоиҳаҳо низ бо ҳамон фалсафаи асосӣ идора мешаванд: эҳсос.

“Агар мехоҳӣ муштарӣ баргардад, ба ӯ мол нафурӯш, эҳсоси ғамхорӣ ва садоқат деҳ”, – мегӯяд ӯ.

Мегӯяд, ҳар ҷое ё ҳар самте фаъолият кард, барояш мисли кори автомобил аст: ҳар ҷузъиёт аҳамият дорад. Аз рӯшноӣ то мусиқӣ, аз табассум то сифати хизмат.

Дар айни замон ба ташкили консертҳо ҳам машғул буд: ҳунармандонро аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла, аз Русия, Қазоқистон, Узбекистон даъват мекард.

Ин таҷриба ба ӯ паҳлуи дигари идоракунӣ – маркетинг, логистика, кор бо ҳунармандон ва ташкили чорабиниҳои бузургро омӯзонд. Аммо дар асл, ин ҳам идомаи ҳамон фалсафа буд: кор бо дил, садоқат дар амал.

Далер хуб медонад, ки дар замони муосир ҳузури рақамӣ аҳамияти калидӣ дорад. Саҳифаҳои ӯ дар Facebook ва Instagram фаъоланд, равандҳои кор, натиҷаҳо ва навгониҳо мунтазам нашр мешаванд.

Барои ӯ шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо реклама нестанд, балки василаи мустақими муошират бо ҷомеаанд:

“Дунё ба рақам табдил ёфт. Имрӯз агар туро дар интернет набинанд, гӯё вуҷуд надорӣ. Муҳим – покӣ, садоқат ва ростқавлӣ аст”, – мегӯяд ӯ.

Фалсафаи зиндагӣ

Дар тӯли солҳо Далер як ҳақиқатро дарк кардааст:

“Муваффақият – на бахт асту на тасодуф. Ин меҳнат, дониш, бовар ва эҳтирому эътимод аст”.

Мегӯяд, аз рақобат наметарсад. Баръакс, онро муҳаррики рушд медонад. Барои ӯ муҳим нест, ки дар кадом рӯйхате аввалин бошад. Муҳим он аст, ки дар сифат аввалин бошад.

“Ман намехоҳам дар рӯйхат аввал бошам. Ман мехоҳам дар ин самт, ки кор бо сифат ва муҳаббат анҷом дода мешавад, аввалу пештар бошам. Дигар ҳама чиз худ меояд”.

*****

Қиссаи Далер Рақамов – қиссаи ҷавоне нест, ки танҳо тиҷорат сохт. Ин қиссаи инсонест, ки дар бозори маҳаллӣ стандартҳои нав ҷорӣ кард, мафҳуми хизматрасониро ба сатҳи фарҳанг бардошт ва донишро ба дигарон интиқол дод.

Ӯ аз фурӯшандаи мебел ба соҳибкори чандсамта табдил ёфт. Аммо муҳимтар аз ҳама, ӯ собит кард, ки вақте кор бо дил, бо виҷдон ва бо эҳтиром анҷом дода мешавад, он на танҳо фоида меорад, балки муҳитро дигар мекунад.

Шояд ҳамин аст маънои ҳақиқии пешравӣ.

Таҷрибаи Далер Рақамов нишон медиҳад, ки тағйири бозор ҳатман бо сармояи бузург оғоз намешавад. Он бо тағйири тафаккур оғоз меёбад. Аз воридсозии мошиншӯии бетамос то локализатсияи брендҳои ҷаҳонӣ ва таъсиси мактаби устоён – ҳар қадам як унсури сохтани фарҳанги нави хизматрасонӣ буд. Маҳз ҳамин омезиши технология, сифат ва сармоягузорӣ ба инсон ӯро ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи автомобил дар Тоҷикистон табдил додааст.

Довуд ИСМАТӢ

ИмрӯзNews