Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 31 январи соли равон барои меҳмонону сайёҳони пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» ройгон ташкил карда мешавад, хабар додааст шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Ҳадаф аз ташкили хатсайри сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Сада арзёбӣ мегардад.
Хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ташкил карда мешавад. Роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доир ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод мекунанд.
«Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳони худро дар хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel) ва почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2212561; 777000443; 555080303; 003881616 (тариқи WhatsApp, Telegram) номнавис намоянд ва аз хатсайрҳои мазкур ройгон истифода баранд», — таъкид намуданд дар шуъбаи рушди сайёҳӣ.
Ҷамъшавии иштирокдорон соати 08:00-и 31 январ дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ҳаракат соати 08:30 ба макони таҷлили ҷашни Сада – Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз мегардад.
АКС:аз манбаъҳои боз




