Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми 29 июн Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.
Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардидааст, ки дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шарикии самараноки ширкати “Гленкор” бо “ТАЛКО” дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкориҳо мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ду ширкат танҳо дар 5 соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил дод:
“Дар мулоқот масъалаҳои азнавсозии технологии “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” то як миллион тонна, мавриди муҳокима қарор дода шуд”, — омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ имконияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву синки Тоҷикистон ва сармоягузории ширкати “Гленкор” ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ баррасӣ гардидааст.